Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Душанбе, 7 окт. 2024
26.14°C

Худжанд

БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТИИ  КУМИТАИ СОҲАВИИ ВИЛОЯТӢ

БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТИИ КУМИТАИ СОҲАВИИ ВИЛОЯТӢ

 Дар толори Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилояти Суғд Конференсияи II – уми ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи савдо, кооператсияи матлубот ва корхонаҳои хусусии вилояти Суғд баргузор гардид.

Дар Конференсия раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи савдо, кооператсияи матлубот ва корхонаҳои хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Шарифзода Исмоил Зариф, раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Абдуллозода Шарифулло Бобоҷон ва вакилони конференсия иштирок намуданд.

Нахуст дар Конференсия ҳисоботи Раиси кумита Бузуруков Иномхоҷа Атабекович дар бораи фаъолияти Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи савдо, кооператсияи матлубот ва корхонаҳои хусусии вилояти Суғд дар давраи аз моҳи ноябри соли 2017 то моҳи сентябри соли 2024 шунида шуд.

Баъдан, ахбороти комиссияи тафтишотии Кумитаи соҳавӣ пешниҳод гардид.

Баъди муҳокимарониҳо оид ба масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Сипас вакилони Конференсия ҳайати нави аъзоёни Пленум, Раёсат ва Комиссияи тафтишотиро интихоб намуданд.

Инчунин вакилон Бузуруков Иномхоҷа Атабековичро раис ва Холмирзоев Фарҳодро муовини раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи савдо, кооператсияи матлубот ва корхонаҳои хусусии вилояти Суғд интихоб намуданд.

Дар конференсия Шарифзода Исмоил Зариф - раиси Кумитаи ҷумҳуриявӣ ва Шарифулло Абдуллозода - Раиси Шўрои вилоятӣ маърӯза намуда, оид ба фаъолияти минбаъда, таъмини болоравии ҳаракати иттифоқи касаба ва иҷрои сифатноки вазифаҳои оинномавии иттифоқи касаба дастуру пешниҳодҳои худро иброз намуданд.

Дар анҷом Шарифзода Исмоил Зариф ба Иномхӯҷа Бузуруков Ифтихорномаи Конфедератсияи умумииттифоқии иттифоқҳои касабаро супориданд.

Бо ҳамин Конференсия ба кори худ анҷом бахшид.