Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Шанбе, 27 июл. 2024
31.6°C

Худжанд

БАРГУЗОРИИ ИДИ КАСБИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ САНОАТИ САБУК

БАРГУЗОРИИ ИДИ КАСБИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ САНОАТИ САБУК

 Имрӯз дар толори Шўрои иттифоқҳои касабаи вилоят бахшида баРўзи кормандони соҳаи саноати сабук” чорабинии тантанавӣ бо иштироки собиқадорон, фаъолон ва кормандони соҳаи саноати сабук ва бофандагӣ  баргузор гардид.

Дар чорабинӣ  сармутахассиси шуъбаи энергетика ва  саноати вилояти Суғд Бахтиёрзода Муҳаммадҷон ва раиси Шўрои иттифоқҳои касабаи вилоят Шарифулло Абдуллозода иштирок ва баромад намуданд.

Чорабиниро раиси кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи бофандагӣ ва саноати сабуки вилоят Турсуной Темурова ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо иди касбиашон муборакбод намуд.  Ҳамчунин аз дасттовардҳои соҳаи саноати сабук баромад намуда, қайд кард, ки кормандони соҳаи саноати сабук аз коргари қаторӣ то муҳандисию техникӣ дастуру супоришҳои Президенти кишварро сармашқи фаъолияти ҳамарӯзаи худ қарор дода, аз ӯҳдаи иҷрои вазифаҳои дар наздашон буда, сарбаландона мебароянд.

Сипас, Бахтиёрзода Муҳаммадҷон  иштирокчиёнро муборакбод намуда, табрикоти раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи  ҳозирин расонид.

Раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят Абдуллозода Шарифулло  кормандони соҳаи саноати сабукро бо иди касбаишон шодбош гуфта, қайд кард, ки рушди иҷтимоиёту иқтисодиёти мамлакатро бе пешрафти соҳаи саноати сабук тасаввур намудан ғайриимкон аст. Боиси қаноатмандист, ки кормандони соҳа инро хуб дарк мекунанд ва пайваста баҳри расидан ба ҳадафҳои ниҳоии худ бо истифода аз имкониятҳои моддию зеҳнии мавҷуда талош меварзанд.

Дар фарҷоми чорабинӣ як қатор фаъолону собиқадорони  соҳа бо Ифтихорномаю туҳфаҳои  мақомоти иҷроияи ҳокимияти  вилояти Суғд, Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят  ва кумитаи соҳавӣ қадрдонӣ гардиданд.