Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Шанбе, 27 июл. 2024
35.6°C

Худжанд

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ РАЁСАТИ ШЎРО

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ РАЁСАТИ ШЎРО

Санаи 29.01.2024. дар толори Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд таҳти роҳбарии раиси Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода раёсати Шўро баргузор гардид.

 Дар кори ҷаласа аъзоёни раёсат, кормандони масъули Шӯро ва дигар шахсони масъули ба масъалаҳои баррасигардида вобаста иштирок намуданд. 

Дар Раёсат оид ба тарғиб ва тадбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини иҷро қарорҳои Шўрои генералии Федератсияи иттфоқҳои касаба, бахшида ба эълон намудани “Соли 2024 – соли шарикии иҷтимоӣ”, баргузор намудани озмунҳои вилоятии “Беҳтарин шартномаи коллективӣ”, “Беҳтарин шарики иҷтимоӣ” ва “Беҳтарин мақолаи (маводи) сол” бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” муҳокима ва қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Инчунин баргузории ҷаласаи Шўрои иттифоқҳои касабаи давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хуҷанд ва баргузор намудани мусобиқаи варзишӣ оид ба дарёфти “Ҷоми Иттифоқҳои касабаи давлатҳои Осиёи Марказӣ оид ба футбол” мавриди баррасӣ қарор дода шуда, барои дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани чорабиниҳо Ситоди вилоятӣ таъсис дода шуд.

Раиси Шўро аз масъулони соҳа оид ба иҷрои вазифаҳои дар пеш истода пурсиш ба амал оварда, барои тақвият бахшидани фаъолияти минбаъда дастуру супоришҳо дод.

Бо ҳамин Раёсат кори худро ба анҷом расонид.