Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Панҷшанбе, 22 янв. 2026
ҶАЛАСАИ КОРӢ

ҶАЛАСАИ КОРӢ

Дируз дар Қасри фарҳанги шаҳри Хуҷанд таҳти сарварии муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ва иштироки муовини раиси шаҳру ноҳияҳои вилоят ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа МУРОҶИАТНОМАИ Раёсати Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд оид ба баланд бардоштани музди маош ба самъи ҳозирин расонида шуд.

Сипас, муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ аз роҳбарони тамоми ташкилоту муассисаҳои вилоят новобаста аз шакли моликият даъват ба амал овард, ки дар пайравии ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки пайваста музди меҳнати кормандони муассисаҳои буҷетиро баланд мебардоранд ва МУРОҶИАТНОМАИ Раёсати Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд оид ба баланд бардоштани музди маоши кормандон тадбирҳо андешанд.

Ҳамчунин дар ҷамъбаст оид ба сари вақт пардохт намудан ва аз байн бурдани қарздорӣ аз музди меҳнат дастуру супоришҳо дод.