БАРГУЗОРИИ АКСИЯИ «МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ВА РУШДИ ҶОМЕА”
Дар доираи татбиқи нақша-чорабиниҳои Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд оид ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳадти миллӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон гардидани соли 2024 - Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва пешгирии ҳолатҳои номатлуби ҷомеа аксияи тарғиботиро таҳти унвони «Маърифати ҳуқуқӣ ва рушди ҷомеа”, ”Мо зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуб ва савдои одамон” роҳандозӣ намуд.
Аксияи мазкур бо мақсади баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқии мардум ва рушди маърифати онҳо дар қаламрави вилояти Суғд сурат гирифт. Зимни баргузории аксия ба сокинон ва аъзои иттифоқи касаба сӯҳбатҳои ҷолиб баргузор гардида, оид ба омӯзиши самтҳои асосӣ маълумот дода шуд ва ба намояндагони ташкилоту муассисаҳо, шаҳрвандон маводи методӣ, варақаҳои тарғиботӣ тақсим гардид.
Ҳадаф аз ин корҳои ташвиқотӣ ҷалб кардани ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касаба ба масъалаи маърифати ҳуқуқӣ, такмил бахшидан ба шеваҳои муосири корбарӣ ба низом даровардани ҳуҷҷатгузорӣ ва баланд бардоштани нуфузи иттифоқҳои касаба дар ҷомеа мебошад.