Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Шанбе, 27 июл. 2024
35.6°C

Худжанд

ҶАЛАСАИ СИТОДИ ВИЛОЯТИИ “ТОБИСТОН-2024”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ ВИЛОЯТИИ “ТОБИСТОН-2024”

Санаи 05 июни соли ҷорӣ дар дар толори Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд ҷаласаи ситоди вилоятии “Тобистон-2024” оид ба ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2024 таҳти роҳбарии раиси ситод, муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа аъзои ситод, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, кормандони масъули Раёсати маорифи вилоят Раисони Кумитаҳои соҳавии  иттифоқҳои касабаи вилоят, мудирони шуъбаҳои маориф ва раисони кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳру ноҳияҳо, сарварони лагерҳои беруназшаҳрӣ ва васоити ахбори омма иштирок доштанд.

Дар ҷаласаи ситоди вилоятии “Тобистон-2024” рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 27 феврали соли 2024, №99 “Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2024” ва қарори раиси вилояти Суғд аз 01 апрели соли 2024, №67 “Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2024” инчунин рафти омодагии истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии тобистонаи кўдакон ва наврасон дар соли 2024 мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ахбори раиси Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Абдуллозода Шарифулло Бобоҷон шунида шуд.

Раиси Шӯро дар баромади худ фаъолият ва вазъи ба истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ ва фарогирии кӯдакону наврасонро мавриди таҳлил қарор дода, оид ба корҳои иҷрогардида ва ҳамчунин камбудӣ ва норасогиҳои дар ин самт ҷой дошта  ибрози ақида намуда, оиди иҷрои ҳатмии қарорҳои мазкур пешниҳодҳои худро иброз намуд.

Сипас, муовини директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоят Усмонова Тахмина баромад намуда, оид ба вазъи санитарию гигиении истироҳатгоҳҳо, гирифтани хулосаи Мақомоти Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, таъмини хӯроки гарм тибқи талаботи қоида ва меъёрҳои санитарӣ маълумот пешниҳод намуд.

Ҳамчунин, раиси  ситод  аз  масъулини соҳаҳо оид ба рафти омодагиҳо барои қабули кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳҳо пурсиш ба амал оварда,  оид ба бартараф намудани норасогиҳои мавҷуда ва дар сатҳи зарурӣ омода ва баргузор намудани истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2024 вазифагузорӣ намуд.