АКСИЯИ ИТТИЛООТӢ-ТАБЛИҒОТӢ ТАҲТИ УНВОНИ "КОНСТИТУТСИЯ - БАҚОИ МИЛЛАТ"
Дар доираи силсилачорабиниҳо бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Соли маърифати ҳуқуқӣ” имрӯз аз ҷониби кормандони Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят аксияи иттилоотӣ-таблиғотӣ таҳти унвони "КОНСТИТУТСИЯ - БАҚОИ МИЛЛАТ" бо тақсимоти маводҳои иттилоотӣ дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Дар доираи аксияи мазкур ба сокинону меҳмонони вилоят, аъзо ва ҷонибдорони Иттифоқҳои касабаи вилоят маводҳои иттилоотӣ тақдим карда шуда, зимни сӯҳбат ва тақдими варақаҳои таблиғотӣ масъулони тарғиботӣ аз солҳои душвори қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳамияти муҳими Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ фикру мулоҳизаҳои судмандро баён намуда, таъкид доштанд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лаҳзаҳои қабул бо назардошти баргузории ислоҳоти конститутсионии минбаъда ҷавобгӯ ба талаботи замони нав ва ҷомеаи муосири кишвар буда, то имрӯз барои рушду тараққиёти давлатдории миллӣ, таҳкими пояҳои он ва зиндагии осудаву озоди мардуми тоҷик нақши калидӣ мебозад.
Ҳадаф аз баргузории аксияи мазкур ба шаҳрвандон расонидани моҳияти сулҳҷўёна доштани ин ҳуҷҷати муайянкунандаи имрўзу фардои давлату ҷомеа мебошад, ки ин ифтихори миллӣ маҳсуб меёбад.