Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Шанбе, 27 июл. 2024
31.6°C

Худжанд

23-МАЙ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН!

23-МАЙ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН!

Сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун яке аз самтҳои муҳими рушди ҷомеа маҳсуб меёбад.

Тавре, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, “Ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол нерӯи созандаи Ватани азизамон буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа арзишманд ва назаррас мебошад”.

Дар ин робита, яке аз вазифаҳои муҳими ҳаракати иттифоқҳои касаба ин ҷалби ҳарчи бештари сафи ҷавонон ба аъзогии иттифоқи касаба ва иштироки фаъолонаи онҳо дар тамоми самтҳои оинномавии иттифоқҳои касаба хеле хуб арзёбӣ мегардад.

Яке аз самтҳои  фаъолияти иттифоқи касаба  тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, эҳтироми ҳуқуқ, озодиҳои шахс, нигоҳдорӣ ва ғанӣ гардонидани фарҳанги миллӣ, нисбат ба таъриху гузаштаи халқи тоҷик буда, умедвор ҳастем, ки ҷавонон ба қадри заҳмату меҳнатҳои Пешвои муаззами миллат ва давлату Ҳукумати кишвар дар роҳи ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ расида, бо виҷдони пок ва дили соф ҷиҳати ҳимоя намудани манфиатҳои миллӣ ва баҳри таҳкими зиндагии шоистаи мардум талош менамоянд.

Раёсати Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Рӯзи ҷавонони Тоҷикистонро ба кулли мардуми шарафманди кишвари азизамон сидқан муборакбод намуда, барояшон комёбӣ, пешрафт ва дар ободии Тоҷикистони азиз комёбиҳои навинро таманно дорад.

Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборак!