Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Шанбе, 27 апр. 2024
24.6°C

Худжанд

Табрикоти Раиси Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода ба муносибати Рӯзи Модар

Табрикоти Раиси Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода ба муносибати Рӯзи Модар

Иди фархундаи баҳору зебоӣ - Рӯзи Модар муборак!

Модарон, хоҳарон ва бонувони гиромиқадр!

Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни расмии давлатӣ эълон шудани Рӯзи Модар дар Тоҷикистон гувоҳи равшани амалишавии иқдомоти пайвастаи роҳбарияти олии кишвар дар хусуси баланд бардоштани нақши зан дар ҷомеа ва мақому манзалати баланди Шумо-Модарони азиз мебошад.

Ҳамаи Шумо-кулли модарон ва занону духтарони иззатмандро ба муносибати Рӯзи Модар самимона табрик гуфта, ба шумо пеш аз ҳама саломативу хушбахтӣ, рӯзгори пурсаодат ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.

Боиси ифтихор ва шоистаи зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон бо тантанаву шукуҳи хоса ва дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтани Рӯзи модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба модарону занон мебошад, зеро нақши занону модарон дар ободии хонадон, тарбия кардану ба воя расонидани фарзандон, ба онҳо омӯзонидани забони модарӣ, одобу маънавиёт, парвариши эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси миллӣ ва ифтихору ватандорӣ беназир аст.

 Ифтихорманд аз он ҳастем, ки занону модарони хирадманду оқил, муборизу озодихоҳи тоҷик дар паҳлӯи мардон барои ба даст овардани истиқлолият ва шукуфоии сарзамини аҷдодиамон талош намудаанд. 

Эҳтирому арҷгузории хосаро ба бузургӣ ва азамати модарони поксиришти хеш-офарандагони зиндагӣ ва сарчашмаи ҳаёти наслҳо собит месозем. 

Иттифоқҳои касабаи вилоят, ки ҳоло қариб нисфи кормандон, фаъолони он занон мебошанд, бо қаноатмандӣ дарк менамояд, ки модарону хоҳарон ҳамеша дар рушди тамаддуну фарҳанг ва бунёди ҳаёти пурсаодати аҳли башар, нақши муассир мегузоранд. 

Имрӯз бонуи тоҷик олиму омӯзгор, пизишку сиёсатмадор, соҳибкасбу санъаткор, варзишгару рӯзноманигор, ихтирокору боғпарвар ва дар маҷмӯъ фарогири муҳимтарин пешаву ҳунарҳост.

Бо ҳама ниятҳои нек бо меҳру самимияти афзун ҳамаи Шумо гулҳои ҳамешабаҳори боғи зиндагиро бо ифтихори бузургдошти Рӯзи Модар самимона табрик гуфта, ба аҳли хонаводаи ҳар яки шумо бахту саодат, ободиву осоиш ва хушҳоливу хушрӯзӣ орзу менамоям!

Идатон муборак модарону хоҳарон ва бонувони азиз!