Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Якшанбе, 28 апр. 2024
24.6°C

Худжанд

Табрикоти раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Абдуллозода Шарифулло Бобоҷон

Табрикоти раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Абдуллозода Шарифулло Бобоҷон

НАВРӮЗ ШУКӮҲИ НАВ БА НАВ МЕГИРАД

Бузургдошти Наврӯз, умуман, бузургдошти таърих ва тамаддуни башарист, ки дар тӯли садсолаҳо арзишҳои неки инсониро дар худ таҷассум кардааст.

Эмомалӣ РАҲМОН

Наврўз ҷашни таърихиву деринаи бостонӣ буда, он аз қаъри асрҳо сарчашма мегирад. Ин ҷашни милливу ҷаҳонӣ натанҳо як ҷашни оғози сол,  эҳёи табиат, хуррамии рўзгор, балки такондиҳандаи андешаи ваҳдати оламу одам, шиносоӣ бо таърихи пурғановати миллӣ ва омили тақвияти ифтихори миллӣ мебошад. Бар асари файзи Наврўз шаҳру ноҳияҳо, кўчаву хиёбонҳо, манзили зист, боғҳову чаманҳо ободтар, поктар ва дилоротар мегарданд.

Дар замони аввали истиқлол таҷлили ҷашни Наврўз рангу бўи тоза гирифт. Он шукуҳу шаҳомати давраҳои пурбортарин ва саршортарин густариши давлатдориву тамаддуни тоҷиконро бо накҳати тоза, бо ҷилваи тоҷикона аз нав барқарор намуд.

Мардуми кишварҳои ҷаҳон аз таҷлили ҷашни зебои тоҷикӣ фарҳанги наврўзии худро ғанитар месозанд ва мо низ аз қавму миллатҳои дигар ва хоса аз ҳамзабонон анъанаҳои нав меомӯзем ва ҳам суннатҳои неки рў ба фаромўшӣ ниҳодаи аҷдодамонро эҳё мекунем ва ҷаҳонишавии Наврўз пойгоҳе хоҳад шуд барои наздикшавӣ, ҳамдигарфаҳмии қавму миллатҳо.

Дар сиёсати фарҳангии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Сарвари кишвар муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон Наврўз ҳамчун рукни муҳими худшиносии миллӣ, василаи муҳими пайванди наслҳо, робитаи гузаштаю имрўз, эҳёи анъанаҳои зебоипарастӣ, инсондўстӣ, дур сохтани кина ва ҳамдигарбахшӣ, рамзи дўст доштан ва расидан ба қадри зиндагии хушу хуррамонаи мардуми мо мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ситоиши Наврӯзи Аҷам чунин гуфтаанд: “Вақте ба таърихи пайдоиш ва такомули ҷашни Наврӯз дар тамаддуни ориёӣ назар меафканем, мебинем, ки ин оини куҳани аҷдодӣ дар низоми давлатдории ниёгони мо мақоми басо арзанда доштааст”.

Таҷлили ҷашнвораҳои таърихию миллӣ, бахусус, Наврӯзи оламафрӯз capтосари ҷумҳурӣ ва берун аз он бо як шаҳомати хос ҷашн гирифта мешавад, зеро ки Наврӯз яке аз қадимтарин маросими шарқиён буда, дар байни халқҳо, аз ҷумла, сокинони Тоҷикистон чун ҷашни сари сол қайд карда мешавад.

Бояд гуфт, ки Наврӯз ба худ расму оинҳои гуногун дорад, ки аз рӯзгори пешин то ин замон ба мо расидаанд. Дар Наврӯз одамон ба ободкориҳо ва сафедсозии деворҳои хонаашон даст мезананд, аз ҳолу аҳволи беморон хабар мегиранд, кинаю адоватҳоро мебахшанд, зарфҳои шикастаро мепартоянд, хонаҳоро тоза мекунанд, гулхан меафрӯзанд, аз болои оташ меҷаҳанд ва дигар суннатҳои наврӯзиро тантанавор мегузаронанд.

Наврӯз нахустин рӯз аст аз фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат рӯзи нав ном кардаанд. Дигар олимон аз ҷумла, ховаршиноси варзида М.Бойс оид ба маънои мантиқ ва манзалати Наврӯз бисёр маводи ҷолиб нигоштаанд. Аксарияти маъхаз ва сарчашмаҳо оғози таҷлили Наврӯзро ба шоҳ Ҷамшеди Каёнӣ мансуб медонанд.

Воқеан, Наврӯзи олам, ки онро дар кӯҳистони тоҷик бо ҳамин ибора ёд мекунанд, аз ҷашнҳои хеле қадим ва маъруфи ориёӣ аст. Наврӯз ҷашни оғози баҳору эҳёи табиат, киштукори деҳқониву мавсими кори чорводорон, ҷашни натанҳо инсон, балки ҳамаи мавҷудоти олам низ мебошад. Соли нави Аҷам, Наврӯз, ки иди байналмилалӣ эълон шуд, моро боз ҳам шоду масрур намуд. Ин ҷашни фархундаро дар тамоми ҷаҳон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мекунанд. Наврӯз нишони олию хубию ваҳдату покӣ, ҳамдилию ҳамзабонӣ ва иди сафою эҳёи табиат мебошад. Ин иди бузург аз давраи Ҷамшеду Каюмарс то ба ин замон чандин марҳалаи вазнини таърихиро тай намуда, аз чанги душманону бадхоҳон раҳо ёфта, хушбахтона, то замони имрӯзи мо омада расидааст.

Месазад Наврўзи дилафрўзи ҷаҳонро зеботарин ҷашни ҷаҳониён бигӯем. Бинобар ин мо, тоҷикистониён, ин ҷашнро ҳамчун мероси муқаддастарини ниёгон ва ҷашни покию зебоӣ, баҳори эҳё дар фазои истиқлолияту ваҳдат бо шукргузорӣ ва бошукўҳ таҷлил менамоем.

Аъзоёни иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд дар канори мардуми кишвар ин иди аҷдодиро бо армуғонҳои тозаи баҳорӣ ҷашн мегиранд ва шодишарики мардум мебошанд. Зеро аз Наврӯз то Наврӯз аъзоёни иттифоқҳои касабаи вилоят дар партави дастуроти Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят ба дастовардҳои шоиста ноил гардиданд.

Бо истифода аз фурсати муносиб тамоми ҳамватанони азизу гиромӣ, аз ҷумла, аъзоёни иттифоқҳои касабаи вилоятро бо Наврӯзи хуҷастапай табрику муборакбод намуда, ба онҳо саломатии бардавом, неруи тоза, иқболи баланду муваффақиятҳои беназирро таманно дорам.

Ҷашни Наврӯзи хуҷастапай муборак бошад, дӯстони азиз!

 

Шарифулло АБДУЛЛОЗОДА,

раиси Шӯрои иттифоқҳои

касабаи вилояти Суғд