Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Шанбе, 27 апр. 2024
24.6°C

Худжанд

ТАБИБОН  ВА  ВАРЗИШ

ТАБИБОН ВА ВАРЗИШ

Дирўз дар асоси нақшаи чорабиниҳои Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ва Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии вилояти Суғд  бо мақсади ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим,  рушду инкишофи тенниси рўи мизӣ дар байни  кормандони соҳаи  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии вилоят, муайян намудани беҳтарин теннисбозон дар байни кормандони соҳа  бахшида ба 31- умин солгарди Рўзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 24 феврали соли 2024 дар маҷмаъаи варзишии «Суғд»-и ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонов, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  мусобиқаи варзишии тенниси рўи мизӣ байни мардон, кормандони муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии вилоят баргузор гардид.

Дар мусобиқаи мазкур 30 нафар варзишгарон аз муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои вилоят кувваозмоӣ намуданд.

Мусобиқаи мазкур бо қоидаҳои байналмилилии тенниси рўи мизӣ, бо тарзи системаи даврӣ-шахсӣ гузаронида шуд.

Дар натиҷаи қувваозмоиҳо ҷои якум насиби  Саидов Саидаҳрор - сардори хадамоти ҳифзи меҳнати ҶДММ «Луқмони Ҳаким», ҷои дуюм насиби Мавлонов Шаҳзод декани ҶДММ МТҒ «Коллеҷи тиббии ноҳияи Б.Ғафуров» ва ҷои сеюм насиби  Ҷўрабоев Муҳаммадҷон омўзгори ҶДММ МТҒ «Коллеҷи тиббии ноҳияи Б.Ғафуров» гардид,  ки ғолибони мусобиқа бо  медалҳо, Дипломҳои дараҷаҳои I, II, III- ум ва туҳфаҳои хотиравӣ  сарфароз  гардонида шуданд.