Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Якшанбе, 28 апр. 2024
9.6°C

Худжанд

СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ

СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ

Санаи 29 феврали соли ҷорӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои  Шӯро ва Кумитаи иттифоқи касабаи комплекси агросаноатии вилояти Суғд бо ташаббуси раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии ноҳия - Усто Устопиров дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов семинари омӯзишӣ баргузор гардид.

Дар семинар зиёда аз 150  нафар кормандони масъул ва фаъолони ииттфиокҳои касабаи соҳаҳои гуногуни ноҳия  иштирок намуданд.

Дар семинар раиси Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода, Абдулатиф Устобоев раиси Кумитаи иттифоқи касабаи комплекси агросаноатии вилояти Суғд ва Усто Устопиров – раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии ноҳияи Ҷаббор Расулов  иштирок ва  баромад намуданд.

Шарифулло Абдуллозода зимни суханронӣ дар бораи нуқтаҳои Паёми Президенти мамлакат вобаста ба вазъи кунунӣ ва  таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, занону ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ баромад намуда,  инчунин оид ба андешидани тадбирҳо дар самти амалӣ намудани вазифаҳое ки дар  паём аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд, ибрози ақида намуд.

Сипас, мудири шӯъбаи ҳифзи ҳуқуқи Шӯро Бузуруков И. ва муовини раиси Кумитаи иттифоқи касабаи комплекси агросаноатии вилоят Раупов Ҳ. дар мавзўи таъмини бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат дар ташкилоту муассисаҳо, танзими муносибатҳои меҳнатӣ тавассути шартномаҳои коллективӣ ва шартномаҳои меҳнатӣ, тартиб ва андозаи хароҷоти маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ барои табобати санаторию курортӣ, ташкили истироҳати кормандон ва аъзои оилаи онҳо ибрози ақида намуданд.  

Дар рафти семинар-омӯзиш байни иштирокчиён оид ба масъалаҳои зикргардида муҳокимарониҳо ҷараён гирифта, онҳо ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.