Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Сешанбе, 30 апр. 2024
17.6°C

Худжанд

НЕСТ БОД ТЕРОРИЗМ

НЕСТ БОД ТЕРОРИЗМ

Дар ибтидои асри XXI инсоният бо хатари ҷиддие рӯ ба рӯ гаштааст, ки номи он терроризми байналмилалӣ мебошад.

Терроризм ва ифротгароӣ ҳамчун зуҳуроти номатлуб тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст. Зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш- таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, барангехтани низои вазнин, барангехтани низои миллӣ, бенизомӣ мебошад.

Имрӯз терроризм ва экстремизм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад. Терроризму экстремизм-ҷаҳолату гумроҳӣ ба ҳисоб рафта, ба проблемаи глобалӣ табдил ёфтааст. Тамоми ҷаҳон бар зидди ин хатар мубориза бурда истодааст. Мутаасифона, сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризму экстремизм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн рафтааст, балки афзоиш ёфтааст.

Дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, проблемаҳои иҷтимоӣ ба миён омадааст. Барои ҳамин дар тамоми ҷаҳон, инчунин дар Тоҷикистон ҳаргуна чорабиниҳои сиёсӣ-ҳуқуқӣ дар байни ҷавонон гузаронида шуда истодааст. Терроризм ва экстремизм ҳамчун “вабои аср” ба амнияти ҷаҳони муосир шинохта шудааст. Ин вабо на танҳо ба марзу бум, балки ба ҳастии инсоният таҳдид месозад.

Муқовимат бар зидди терроризм ва экстремизм вазифаи ҷонии ҳар як фарди ҷомеаи соҳибфарҳанг ва бонангу номус аст. Терроризм Ватан, забон, наҷот ва дин надорад ва он касоне, ки ба ин гуруҳҳо ҷалб мешаванд, онҳо аз ватан, миллат дур мешаванд. Онҳо мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, ғоратгарӣ, куштор ва тарсу ваҳм амалӣ намоянд. Террористон ва экстремистон кӯшиш менамоянд, ки ба сафи худ наврасон ва ҷавононро ҷалб намоянд. Зеро ҷавонон зудбовар ҳастанд ва ба осонӣ онҳо пайравӣ менамоянд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ барои мубориза бар зидди экстремизму терроризм тамоми тадбирҳоро андешида истодааст. Инчунин шаҳрвандон вазифадоранд, ки бо рафтор, кирдор бо тамоми азму иродаи худ ҷаҳду талош намоянд, ки шомилшавии ҷавононро ба гуруҳҳои тундгароӣ- экстремизму терроризм пешгирӣ намоянд. Насли наврасро дар руҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ тарбия намоянд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон пайваста қайд мекунанд, ки “Терроризм ва экстремизм бадбахтии оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кӯмак расонида, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст”.

Мо, ҳамеша бо суханони Пешвои миллат амал намуда, экстремизм терроризмро шадидан маҳкум менамоем.