Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Якшанбе, 25 окт. 2026
13.6°C

Худжанд

Мулоқот бо деҳқонон ва чинакчиёни Конибодом.     

Мулоқот бо деҳқонон ва чинакчиёни Конибодом.     

Гурӯҳи тарғиботии Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд дар ҳайати муовини аввали Раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Нӯъмон Обидзода, корманди масъули Раёсат Саидумрон Саидов ва шоираи хушсадо Сурайё Ҳакимова ба ҳузури ҳашарчиёни пахтачини ноҳияи Конибодом рафтанд ва бо суханҳои гарму самимӣ ва шеърҳои дилнишин ба онҳо рӯҳу илҳоми тоза бахшиданд.

Меҳвари асосии ин мулоқотро масъалаи ҷамъоварии саривақтӣ ва босифати ҳосили пахта ташкил дод, ки айни замон дар майдонҳои беканори пахтазор шукуфта, интизори дастони меҳнатқарини кишоварзон аст. Таъкид гардид, ки бо истифода аз обу ҳавои мусоид ва ҳар лаҳзаи тиллоӣ, ҷамъоварӣ намудани ҳар донаи пахта на танҳо вазифаи деҳқон, балки қарзи шаҳрвандии ҳар як сокини бонангу номуси ҷамоат мебошад. Ин заҳмати дастҷамъона пояҳои иқтисодии кишварро мустаҳкам гардонида, ба ободии ҳар як хонавода мусоидат мекунад.

Дар идомаи мулоқотҳо, бо дарназардошти омодагӣ ба мавсими сармо ва таъмини устувории иқтисодиёти хонаводагӣ, ба масъалаҳои истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, пешгирии талафот ва истифодаи ғайриқонунии он таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид, ки дар остонаи фасли зимистон аҳамияти ҳаётӣ дорад. Корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба зарурати фароҳам овардани захираи дусолаи маводи ғизоӣ дар ҳар як хонавода, ҳамчун кафили амнияти озуқаворӣ ва оромӣ дар шароити тағйирёбандаи ҷаҳонӣ, идома ёфт.

Ин иқдомҳои муштарак, ки ба таҳкими иқтисодиёти кишвар ва таъмини амнияти озуқаворӣ нигаронида шудаанд, боз ҳам ҳамбастагии ҷомеаро дар роҳи бунёди ояндаи нек нишон медиҳад.