Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Якшанбе, 28 апр. 2024
9.6°C

Худжанд

Маросими имзои Созишномаи генералӣ

Маросими имзои Созишномаи генералӣ

Санаи 04.03.24 дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзои Созишномаи генералӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2026 баргузор гардид.

Созишномаи генералии мазкурро бо супориши Тарафҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон : Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, аз ҷониби Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон: Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақлили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода ва аз ҷониби Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон: Иҷрокунандаи вазифаи раиси Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамзода Айёмбек ба имзо расониданд.