Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Якшанбе, 28 апр. 2024
9.6°C

Худжанд

ЧОРАБИНИИ РЎЗИ МОДАР

ЧОРАБИНИИ РЎЗИ МОДАР

Санаи 6 марти соли ҷорӣ дар толори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд бо иштироки кормандони Шӯро ва кумитаҳои соҳавии вилоятӣ бахшида ба Рўзи Модар чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Чорабинӣ бо сухани табрикотии Раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Абдуллозода Шарифулло оғоз гардид.

Зимни сухани табрикотии худ Раиси Шӯро кулли занону бонувонро бо ҷашни Рўзи Модар муборакбод намуда, изҳор дошт, ки давлату Ҳукумати Тоҷикистон, таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ҳамеша мақому манзалат ва ҳурмату эҳтироми зан-модарро ба таври шоиста қадр мекунанд.

Таъкид гардид, ки маҳз бо шарофати истиқлоли давлатӣ бо ташаббусу роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварамон баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардону занон дар сатҳи сиёсати давлатии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, ин раванд бобарор идома дорад.

Зикр гардид, ки занону модарони тоҷик дар ҷомеа мақому мавқеи сазовор доранд ва арзишҳои оиладорӣ, муносибат ва миллиро ба фарзандони худ бо масъулияти баланд тарғиб менамоянд.

Ҳамзамон, саҳми звнону бонувонро дар рушду болоравии њаракати иттифоқҳои касаба низ хеле муҳим арзёбӣ  намуданд.

Дар фарҷом, бори дигар бонувони арҷмандро ба ифтихори иди фархунда муборакбод намуда, барояшон тансиҳативу бахти иқболи нек таманно намуд ва ба занону бонувон туҳфаҳои иттифоқҳои касабаи вилоят тақдим гардид.