Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Шанбе, 27 апр. 2024
24.6°C

Худжанд

БАРГУЗОРИИ  ЧОРАБИНӢ БА ИФТИХОРИ РЎЗИ МОДАР  Дируз дар Шўрои иттифоқҳои касабаи вилоят бахшида ба Рўзи Модар чорабинии тантавӣ бо иштироки собиқадорон, фаъолон ва кормандони соҳаи саноати сабук ва бофандагӣ  баргузор гардид.   	Раиси Шўрои иттифоқҳои каса

БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНӢ БА ИФТИХОРИ РЎЗИ МОДАР Дируз дар Шўрои иттифоқҳои касабаи вилоят бахшида ба Рўзи Модар чорабинии тантавӣ бо иштироки собиқадорон, фаъолон ва кормандони соҳаи саноати сабук ва бофандагӣ баргузор гардид. Раиси Шўрои иттифоқҳои каса

Дируз дар Шўрои иттифоқҳои касабаи вилоят бахшида ба Рўзи Модар чорабинии тантавӣ бо иштироки собиқадорон, фаъолон ва кормандони соҳаи саноати сабук ва бофандагӣ  баргузор гардид.

 Раиси Шўрои иттифоқҳои касабаи вилоят Шарифулло Абдуллозода занону бонувонро бахшида ба Рўзи Модар табрик намуда, изҳор дошт, ки саҳми бонувон дар ҳаёти ҷомеаи мо ниҳоят бузург мебошад. Занону модарони мо имрўз дар татбиқи ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат, ташкили оилаи солим ва тарбияи насли ояндасози миллат ҳиссаи арзишманди худро мегузоранд. Саҳми онҳо дар рушду болоравии ҳаракати иттифоқҳои касаба низ хеле назаррас мебошад.

Сипас, раиси Кумитаи вилоятии иттифоқи касабаи кормандони соҳаи саноати сабук ва бофандагӣ - Темурова Турсуной Насимовна дар баромади худ, саҳми занону духтаронро дар рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ назаррас арзёбӣ намуд.

Собиқадори меҳнат Махфират Дадобоева оиди фаъолияти занон дар рушди соҳаи саноати сабук ибрози ақида намуда, нисбати арҷгузорӣ ба меҳнати занон миннатдорӣ изҳор намуд. 

Ҳамчунин, раиси иттифоқи касабаи ҶДММ “Ҷавонӣ” -Қаландарова Раъноҷон Мубиновна баромад намуда, ҳамаи иштирокдоронро бо Рӯзи Модар муборакбод намуд.

Дар фарҷом ба занону бонувон туҳфаҳои идона тақдим карда шуда, барномаи фарҳангӣ ҳусни анҷомбахши чорабинӣ гардид.