Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Сешанбе, 21 мая. 2024
15.6°C

Худжанд

МУРОҶИАТНОМАИ ФЕДЕРАТСИЯИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ МУСТАҚИЛИ ТОҶИКИСТОН БА МУНОСИБАТИ РЎЗИ БАЙНАЛМИЛАЛЛИИ ЯКДИЛИИ МЕҲНАКАШОН  - 1 МАЙ

МУРОҶИАТНОМАИ ФЕДЕРАТСИЯИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ МУСТАҚИЛИ ТОҶИКИСТОН БА МУНОСИБАТИ РЎЗИ БАЙНАЛМИЛАЛЛИИ ЯКДИЛИИ МЕҲНАКАШОН - 1 МАЙ

Дар раванди ҳаёти иҷтимоию иқтисодии шаҳрвандон ва аҳли ҷомеа, ки дар муносибатҳои меҳнатӣ қарор доранд, 1-Май  санаи рамзӣ ва таҷасумгари ҳамрайъӣ ва якдилӣ маҳсуб меёбад.

Дар пайравӣ ба ташабусҳои байналмилалӣ, бо арҷгузорӣ ба аҳли меҳнат мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рўзҳои ид” дар кишвари мо 1-Май ҳамчун Рўзи байналмилаллии якдилии меҳнакашон  таҷлил карда мешавад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 1-Май дар як фазои баланди сиёсию ҷамъиятӣ, ваҳдату якдигарфаҳмӣ, созандагию бунёдкорӣ ҷашн гирифта мешавад.

Бо қаноатмандӣ иброз мегардад, ки фароҳам овардани фазои муносиб барои меҳнати арзанда, бехатарии меҳнат,  таъсиси ташкилоту корхонаҳо, ба ин васила таъсис додани ҷойҳои нави кории доимӣ ва мавсимӣ, коҳиш додани шуғли ғайрирасмӣ ва ҳифзи иҷтимоии кормандону аъзои оилаи онҳо дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  қарор дорад ва ин тадбирҳо боиси руҳбаландии аҳли заҳмат арзёбӣ мегардад.

Мутаассифона  фазои ногувори олам, оқибатҳои вазнини бўҳрони шадиди ҷаҳонӣ, боиси афзоиши сатҳи камбизоатӣ, маҳрумияти иҷтимоӣ гардида, бархе аз қишрҳои аҳолии меҳнаткашони дунёро фаро гирифтааст.

Яке аз масъалаҳои воқеии инсоният имрўз бо ҷои кори арзанда таъмин будан мебошад. Вале аз лиҳози шароити бехатарии меҳнат ва кафолати иҷтимоии кормандон, мавҷудияти ҷои кор ҳам наметавонад манбаи эъдимоднок ва кафолатноки беҳбудии зиндагӣ бошад.

Масъалаҳои ҳифзи меҳнат ва ҳуқуқи меҳнатии кормандон аз зумраи  вазифаҳои қонунӣ ва оинномавии иттифоқҳои касаба маҳсуб меёбанд. Рух додани ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот боиси осеб бардоштан ва ҳатто марги кормандон мегардад, ки боиси таассуф ва нигаронӣ мебошад.

Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон роҳбарони ташкилотҳои иттифоқҳои касаба ва корфармоёни ҷумҳуриро даъват менамояд, ки рўзи 1-Майи соли 2024-ро ҳамчун Рўзи якдилии  умумиҷаҳонии меҳнаткашон дар фазои якдигарфаҳмӣ, ваҳдати миллӣ, дўстию бародарӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса истиқбол гиранд.

1-Май - Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашони ҷаҳон, муборак ҳамватанони азиз.

 

Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон