Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Якшанбе, 15 фев. 2026
МАРОСИМИ ГУЛЧАМБАРГУЗОРӢ БАХШИДА БА ИДИ ҒАЛАБ

МАРОСИМИ ГУЛЧАМБАРГУЗОРӢ БАХШИДА БА ИДИ ҒАЛАБ

 Субҳи рузи 8-уми май бахшида ба таҷлили Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар назди Муҷассамаи ёдгории шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945, воқеъ дар маркази шаҳри Хуҷанд, бо иштироки Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, собиқадорони ҷангу меҳнат, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони ташкилоту муассисаҳо 79-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ чорабинии тантанавї баргузор гардид.

Бо мақсади гиромидошти хотираи шаҳидони ин ҷанг ба мавзеи таҷлили иди Ғалаба роҳбарият ва кормандони Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ва кумитаҳои соҳавӣ ташриф оварда, дар пояи муҷассамаи шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ гулчанбар гузошта, бо лаҳзаи хомӯшӣ хотираи қурбониёнро пос доштанд.