Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Ҷумъа, 17 мая. 2024
18.6°C

Худжанд

ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА  РЎЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МЕҲНАТКАШОН

ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РЎЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МЕҲНАТКАШОН

 Дар доираи чашни  рузи Рўзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон ва амалӣ намудани “Соли 2024 – соли маърифати ҳуқуқӣ” санаи 1 майи соли 2024 дар толори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд бо иштироки фаолон ва намояндагони ташкилоту муассисаҳо ва кормандони масъули иттифоқҳои касабаи вилоят чорабонии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ директори Маркази тарғиби адабиёт ва фарҳанги миллии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, сиёсатмадори варзида  Абдуллоҳи Раҳнамо иштирок ва баромад намуд.

Сараввал Раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Абдуллозода Шарифулло ба чорабинӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо Рўзи байналмилаллии якдилии меҳнакашон муборакбод намуда, аз таърихи ин ид иброз намуд, ки  дар пайравӣ ба ташабусҳои байналмилалӣ, бо арҷгузорӣ ба аҳли меҳнат мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рўзҳои ид” дар кишвари мо 1-Май ҳамчун Рўзи байналмилаллии якдилии меҳнакашон  дар як фазои баланди сиёсию ҷамъиятӣ, ваҳдату якдигарфаҳмӣ, созандагию бунёдкорӣ ҷашн гирифта мешавад.

Сипас, Мудири Маркази бозомӯзӣ ва такмили ихтисос – Маҷидзода Муҳаббат Муроҷиатномаи Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи байналмиллалии якдилии меҳнаткашон – 1 майро ба самъи ҳозирин расонид.

Ҳамчунин, Абдуллоҳи Раҳнамо дар мавзӯи “Хатари ҷаҳлу хурофот ба амният ва арзишҳои миллӣ, бақои миллат ва ояндаи давлатдории миллӣ” баромад намуда, қайд нгамуд, ки ҷавонони кишварро зарур аст, худогоҳ, хештаншинос, ватандӯст бошанду зиракии сиёсиро аз даст надода, махсусан ҳангоми истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳеҷ гоҳ фирефтаи ақидаҳои нопок ва таассубарангезу ифротгароён нашуда, барои ҳимояи Ватани хеш ҳамеша омода бошанд.

Дар фарҷом муовини аввали раиси Шӯрои итифоқҳои касабаи вилояти Суғд – Обидзода Нумон Юлдошӣ бо Нишони фаъоли иттифоқҳои касаба сарфарозонида шуд.