
ЗАБОНИ МОДАРИЯМ ЗИНДА БОШӢ…
Ҳамасола санаи 21-уми феврал дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии забони модарӣ таҷлил карда мешавад. Ин сана дар Иҷлосияи 30-юми конфронси генералии ЮНЕСКО, ки соли 1999 баргузор шуда буд, бо мақсади ҳифзи забонҳо ва фарҳангҳои гуногуни ҷаҳон эълон гардид.
Ба ақидаи забоншиносон иқдоми ЮНЕСКО дар масъалаи қабули Рӯзи байналмилалии забони модарӣ ин даъват кардани давлатҳои рӯйи олам ба эҳтирому арҷгузорӣ ва ҳимояи ҳамаи забонҳо, аз ҷумла, забонҳои ақаллиятҳои миллиест, ки дар замони ҷаҳонишавӣ ба онҳо хавфи нобудӣ таҳдид мекунад.
Тоҷикон хушбахтанд, ки чунин забони бузург, дар ғановат камназир, шевою гӯшнавоз насибашон гардидааст. Ҳукумати ҷумҳурӣ дар баробари рушд ва вусъати бештар пайдо намудани доираи нуфузи забони давлатӣ ҷиҳати инкишофи забон ва фарҳанги ақаллиятҳои миллии муқими Тоҷикистон тадбирҳои зиёд амалӣ менамояд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар бораи забон қабул шудаанд, ҳифзи забони давлатӣ ва дигар забонҳои ҳудуди ҷумҳуриро таъмин менамоянд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар суханрониҳои хеш масъалаи поку беолоиш нигоҳ доштани забони давлатӣ ва баланд бардоштани мақоми онро дар ҷомеа ба миён мегузоранд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари забони давлатӣ барои истифодаи озоди забонҳои модарии намояндагони дигар миллату халқиятҳои сокини мамлакат тамоми шароит ва заминаҳои ҳуқуқӣ муҳайё гардидаанд.
Забони тоҷикӣ аз забонҳои бою шево ва ширину гуворо буда, миёни дигар забонҳо мақоми шоиста дорад. Забон воқеан муҳимтарин воситаи алоқаи байни одамон аст.
Қонуни забон дар ҷумҳурӣ аслан санаи 22-юми июли соли 1989 қабул гардида, то моҳи октябри соли 2009 мавриди амал қарор гирифта буд. Тайи ин солҳо воқеаҳои муҳими фарҳангиву сиёсӣ дар ҳаёти кишвар ба вуқӯъ пайвастанд, ки зарурати қабули қонуни нави забон ба миён омад.
Бинобар ҳамин 5-уми октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид. Баъд аз тағйирот ворид намудани вакилон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ва Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон 5-уми октябр Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуд. Қонуни зикршуда рушди забони давлатиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намуда, ба инкишофи дигар забонҳо имконият фароҳам меоварад.
Ғамхорӣ ва ҳифзу бузургдошти он вазифаи муқаддаси ҳар фарди соҳибдилу соҳибфазл аст. Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд: «Забон дар ҳамаи давру замонҳо яке аз сарчашмаи асосии истиқлолияти миллӣ ва омили муҳими ташаккули миллат мебошад. Ташаккули пайвастаи он дар мақоми забони давлатӣ муҳимтарин рамзи Истиқлолияти давлативу сиёсии мо ба ҳисоб меравад».
Ҷомеа ва забон баробар пайдо шуда, ташаккул ёфтаанд ва зуҳури ҳарду ҳам бо меҳнат алоқамандӣ дорад. Маҳз дар натиҷаи рӯ ба меҳнат овардан инсоният ба пешравиҳо ноил гашт. Метавон гуфт, ки баробари дигар омилҳо меҳнати ҳалолу бунёдкорона ба рушди забон мусоидат хоҳад кард.
Ҳукумати кишвар бо мақсади татбиқи қонуни мавриди назар тадбирҳои зарурӣ андешида, барои рушди ҳамаҷонибаи он мусоидат менамояд. Баргузории озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» ва ғайра гувоҳи гуфтаҳои болоянд.
Дар давраи ҳассоси ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати техника ва технологияи навин бояд забони модариро ҳифз карда, мақоми онро боз ҳам баланд бардорем. Фаромӯш набояд кард, ки умри миллат ба умри забон вобаста аст.
Дар ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон,
Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст.
То забон дорад, ватандор аст ӯ,
То ватандор аст, бисёр аст ӯ.
Забони мо баёнгари сарнавишт ва пойдевори ваҳдати ҷовидонаи миллатамон аст. Забони модарӣ, давлати миллӣ, ваҳдату истиқлолият барои мо муқаддасанд.
Итминони комил дорем, ки забони тоҷикӣ то ҷаҳон ҳаст, ҷовидон хоҳад буд. Халқи бузургвори мо посдори содиқу сазовори забони хеш мебошад.