Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Якшанбе, 20 июл. 2025
ВАЗЪИ ОМОДАГИИ ИСТИРОҲАТГОҲИ БЕРУНАЗШАҲРИИ ТОБИСТОНАИ КӮДАКОН ВА НАВРАСОН

ВАЗЪИ ОМОДАГИИ ИСТИРОҲАТГОҲИ БЕРУНАЗШАҲРИИ ТОБИСТОНАИ КӮДАКОН ВА НАВРАСОН

Санаҳои 13-14 июни соли ҷорӣ намояндаи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Юнусов Ҷамшед Собирович ва муовини раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Оқилов Толиб Дадоҷонович оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2025, №97 «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2025» аз вазъи омодагии истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии вилояти Суғд шинос гардиданд.

Аз ҷониби гурӯҳи корӣ ба масъулони истироҳатгоҳҳо оиди дар сатҳи зарурӣ омода ва баргузор намудани мавсими истироҳатии кудакону наврасон ва бартараф намудани норасогиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳо дода шуд.