
Аз таърихи Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд
“ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА - ХОНАИ УМЕДИ МЕҲНАТКАШОН”
Таърихи иттифоқҳои касаба аз саҳифаҳои таърихи халқу миллат сарчашма мегирад.
Иттифоқҳои касабаи вилоят марҳилаҳои гуногуни таърихиро дар бар мегирад.
Солҳои 1917-1925 аввалин ташкилотҳои иттифоқҳои касаба асосан дар водии Фарғона - шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом, Душанбе, Ҳисор ва Ӯротеппа таъсис дода мешаванд.
Аввалин ташкилотҳои иттифоқҳои касаба дар шаҳри Хуҷанд ин комитети коргарон ва хизматчиёни роҳи оҳани саристгоҳи Хуҷанд буд, ки дар моҳи марти соли 1917 ташкил ёфта буд. Соли 1917 ҳамаи комитетҳои фабрикаю заводҳои Тоҷикистони шимолӣ ба ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касабаи соҳаи маъданҳои куҳӣ табдил дода шуда, ба иттифоқи ягонаи куҳкорон муттаҳид шуда буданд.
Ташкил ёфтани Ҷумҳурии автономии Тоҷикистон дар охири соли 1924 ва дар моҳи апрели соли 1926 барпо гаштани Анҷумани якуми умумитоҷикии иттифоқҳои касаба марҳилаи муҳимтарини таърихи ҳаракати иттифоқҳои касабавӣ дар Тоҷикистон буд.
Бо ташкилёбии округи Хуҷанд дар Анҷумани якуми байнииттифоқии иттифоқҳои касаба, ки 5-6 майи соли 1927 барпо гашт, бюрои округи иттифоқҳои касабаи округи Хуҷанд ташкил гардид, ки он 15 иттифоқҳоро бо 6115 аъзоён муттаҳид мекард.
Баҳори соли 1929 округи Хуҷанд ба ҳайати Ҷумҳурии автономии Совети Сотсиалистии Тоҷикистон дохил карда шуд, ки Шӯрои иттифоқҳои касабаи Хуҷанд 20 иттифоқҳои касабаи соҳавиро бо 17044 аъзоёнаш муттаҳид мекард. Дар он Иттифоқҳои касабаи роҳи оҳанчиён, бофандагон ва куҳкорон ташкилотҳои калонтарин ба ҳисоб мерафт.
19 апрели соли 1937 мутобиқи қарори Пленуми иттифоқҳои касабаи марказии Иттиҳоди Шӯравӣ Шӯроҳои итифоқҳои касабаи ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва маҳаллӣ барҳам дода шуданд.
Санаи 27 октябри соли 1939 вилояти Ленинобод ташкил шуд. Дар сохтории иттифоқи касаба баъди қарори Пленуми ХIХ ВЦСПС аз сентябри соли 1947 конференсияи якумини байнииттифоқии иттифоқҳои касабаи вилояти Ленинобод, ки 28-29 августи соли 1950 барпо гашт қарор дар бораи ташкил намудани Шўрои иттифоқҳои касабаи вилоят қабул карда шуд.
Дар Пленуми якуми ташкилии Шўрои иттифоқҳои касабаи вилоят аз 29 августи соли 1950 зодаи шаҳри Хуҷанд Отаев Аҳмадҷон аввалин раиси Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Ленинобод интихоб гардида то моҳи майи соли 1958 фаъолият намуданд.
Аз 21 майи соли 1958 то 24 июни соли 1959 Отаев Маҳмуд дар вазифаи раиси Шўрои иттифоқҳои касабаи Ленинобод кор кардааст.
Дар асоси қарори раёсати ВЦСПС 15 май ва Шўрои иттифоқҳои касабаи Ҷумҳуриявии Тоҷикистон аз 25 майи соли 1959 Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Ленинобод барҳам дода шуд ва ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи шаҳру ноҳияҳо бевосита ба тобеъияти Шўрои иттифоқҳои касабаи Ҷумҳуриявии Тоҷикистон гузаштанд.
Дар марҳилаи тараққиёт ва болоравии суръати саноати Тоҷикистон ва аксари соҳаҳои хоҷагии халқ соли 1971 вилояти Ленинобод аз нав ташкил шуд ва ба ин муносибат зарурияти ташкили Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Ленинобод ба амал омад.
Дар асоси қарори раёсати ВЦСПС аз 22 январи соли 1971 (протоколи №1 банди 11) таклифи Шўрои иттифоқҳои Тоҷикистон оиди ташкили Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Ленинобод қабул карда шуда дар асоси протоколи №66 аз 4 феврали соли 1971 бо Шўрои иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон комитети ташкилӣ оиди тайёр ва гузаронидани корҳо нисбати ташкили Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Ленинобод таъсис дода шуд.
22 майи соли 1971 Конференсияи V вилоятии байнииттифоқии Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Ленинободро аз нав ташкил намуд. Ба ҳайси раисигии Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Ленинобод омўзгор, ходими давлатӣ ва ҳизбӣ Аҳмадов Нўъмон Бурҳонович интихоб карда шуд ва то 10 ноябри соли 1983 фаъолият намуданд.
Маҳз кўшишу ғайрати ин шахси нотакрор, ғамхорию некиҳои зиёд ба аҳли меҳнат, корҳои дурандешонаи ў буд, ки нисбати сохтмони бинои «Хонаи иттифоқҳои касабаи вилоят», муассисаҳои фарҳангӣ-равшаннамоӣ, варзишгоҳҳо, осоишгоҳу санаторияҳо, хонаҳои истироҳатӣ ва базаҳои туристии иттифоқҳои касаба сохта шуд.
Шумораи аъзоёни иттифоқҳои касаба дар соли 1971 194540 нафар.
Шумораи аъзоёни иттифоқҳои касаба дар соли 1971 194540 нафарро ташкил медод.
Дар асоси қарори Пленуми VIII Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Ленинобод (Суғд) аз 10 ноябри соли 1983, таҳти №8 Почоев Муҳиддин Абдуқудусович ба ҳайси раиси Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Ленинобод интихоб гардида то 8 феврали соли 1991 дар ин вазифа ва то 3 декабри соли 1992 раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилояти Ленинобод буд.
Аз санаи 3 декабри соли 1992 то моҳи майи соли 2015 Зокиров Саидбой вазифаи раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилоятро ба ўҳда дошт.
Санаи 14 майи соли 2015 дар асоси қарори конференсияи 15 байнииттифоқии иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ба Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд табдил гашт ва ба ҳайси раиси Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Ғафуров Тоҳир Шарифович интихоб шуда то моҳи сентябри соли 2017 фаъолият намуд.
Аз моҳи сентябри соли 2017 дар Пленуми ғайринавбатии Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Абдуллозода Шарифулло Бобоҷон раиси Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд интихоб шуд.
Ҳоло Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд 12 кумитаҳои соҳавии вилоятиро дар бар гирифта, ҳамарўза баҳри ҳимоя ва ҳифзи манфиатҳо ва ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иҷтимоию иқтисодии меҳнаткашон хизмат мекунад.