Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Ҷумъа, 24 янв. 2025
-4.4°C

Худжанд

АЗ ТАЪРИХИ КУМИТАИ ИТТИФОҚИ КАСАБАИ КОРМАНДОНИ ТАНДУРУСӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ ВИЛОЯТИ СУҒД   

АЗ ТАЪРИХИ КУМИТАИ ИТТИФОҚИ КАСАБАИ КОРМАНДОНИ ТАНДУРУСӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ ВИЛОЯТИ СУҒД  

Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони тандурусӣ ва ҳифзи иҷтимоии вилоят оиди таъмини манфиатҳои меҳнаткашон, оиди ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии кормандони соҳа корҳои муайянро ба ҷо меоварад.

Ба кумитаи вилояӣ 203 кумитаҳо ва гурўҳҳои иттифоқи касабаи муассисаҳои тандурусӣ ва ҳифзи иҷтимоии вилоят шомил буда, миқдори кормандон дар ин муассисаҳо 31164 нафарро ташкил медиҳанд. 

Расман таърихи Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон аз моҳи апрели соли 1926 бо баргузории Анҷумани нахустин оғоз ёфта, Иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон соли 1933 ташкил шуда бошад, кумитаи иттифоқи касабаи кормандони тандурустии вилояти Ленинобод соли 1953 таъсис ёфтааст, ки он имсол 70 сол шудааст .

Аввалин раиси кумита Исмоилов Абдулло Исмоилович интихоб гардида давоми солҳои 1953-1957 фаъолият намудааст.

Соли 1971 вилояти Ленинобод аз нав ташкил шуда буд ва ҳамзамон Шӯрои иттифоқи касаба ва кумитаҳои соҳавӣ ташкил гардид. Моҳи марти соли 1971 дар қатори якчанд кумитаҳои иттифоқи касабаи соҳавӣ, кумитаи вилоятии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ низ ташкил ва раиси кумитаи вилояӣ Воҳидов Абдувосит Нурматович интихоб гардида давоми 16 сол аз соли 1971 то соли 1987 дар ин вазифа фаъолият намуд.

Соли 1987 дар Пленуми кумитаи вилояӣ Носирова Муҳиба Мансуровна ҳамчун раиси кумита интихоб гардида давоми 24 сол то соли 2011 дар ин мансаб фаъолият бурдааст.

Аз соли 1972 дар Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят дар вазифаҳои духтури боваринок, аз соли 1981 ҳамчун муовини раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони тандурустии вилоят ва аз соли 1987 дар вазифаи раиси кумитаи вилояти кору фаъолият намудааст. Аз фаъолияти кории 49 солааш, 47 солаш дар иттифоқҳои касаба рост меояд.

Бо роҳбарии ӯ дар ҳудуди вилоят ду лоиҳаи байналмилалии фонди Евраазия солҳои 2000-2004 татбиқ гардид, ки дар доираи ин лоиҳа бо дастгирии Раёсати тандурустии вилоят 60 нафар роҳбарони муассисаҳои тиббӣ- профилактикиро оид ба услубҳои хоҷагидорӣ дар шароити иқтисоди бозоргонӣ, гузариш ба тибби хусусӣ омӯзонд.

Бо ташаббуси Носирова М.М соли 2004 дар Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони тандурустии вилояти Суғд бо мақсади пурқувват намудани корҳои тарбиявии кумита нашрия-бюллетени иттилоотӣ бо номи “Ворисони Сино” ташкил карда шуд, ки дар ҳар семоҳа чоп мегардид, ки дар он масъалаҳои тарбиявӣ, саволҳо оиди қонунгузорӣ, маълумот дар бораи кумитаҳои пешқадам ва аз ҳаёти собиқадорони меҳнат, ки дар тараққиёти соҳаи тандурусӣ хиссаи арзанда гузоштанд инъикос мегардид. Ҳамчунин дар давоми солҳои фаъолияташ дар кумита даҳҳо дастурамали методӣ чоп шудааст.

То соли 1991 дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят, кумитаҳои иттифоқи касабаи кормандони тандурустии шаҳрӣ ва ноҳиявӣ фаъолият мебурданд. Пас аз барҳам хӯрдани Иттифоқи Шӯравӣ, кумитаҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ низ барҳам хӯрд. Дар сохторҳои иттифоқи касабаи соҳа, кумитаҳои иттифоқи касабаи кормандони беморхонаҳои марказии ноҳия, ҳамчун сохтори боло, то соли 2010 фаъолият бурданд. 

Дар асоси қарори Пленуми кумитаи вилояӣ аз 19.01.2011 с. Аминҷонова Саодат Сайфинаҷотовна ба вазифаи раиси кумитаи иттифоқи касабаи кормандони тандурустии вилоят интихоб карда мешавад.

Аминҷонова С.С. ҳангоми дар вазифаи Раиси кумита будан барои дар амал татбиқ намудани талаботи Оинномаи иттифоқи касабаи кормандони тандурусӣ, Қарорҳои Анҷумани иттифоқи касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷроиши қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба соҳаи иттифоқи касаба тааллуқ доранд, фаъолият назаррас намуд.

Дар соли 2011 кумитаи вилояӣ 293 кумитаҳои ибтидоӣ ва 30 кумитаҳои иттифоқи касабаи ноҳиявӣ ва аъзоён 25699 нафарро аз ҳисоби кормандон соҳа ташкил медод 

Дар асоси қарори IV Пленуми кумитаи ҷумьуриявии ва Қарори раёсати кумитаи вилояти аз соли 2014 ду идрорпулии номии кумитаи иттифоки касаба барои донишҷўёни фаъоли коллеҷи тиббии шаҳрҳои Хуҷанд ва Истаравшан дар ҳаҷми 250 сомонӣ ба ҳар нафар ҷудо гардид. 

Аз 06.06.2014с. Носирова Муҳиба Мансуровна иҷрокунандаи вазифаи Раиси кумитаи вилояти интихоб карда шуда то 24.10.2015 фаъолият дошт.

Дар асоси қарори Пленуми Панҷуми кумитаи вилояӣ аз 24.10.2015 сол Маллаев Олимхоҷа Масиёевич ба вазифаи раиси кумитаи вилояӣ интихоб карда шуд.

Дар давоми 9 соли фаъолияти корӣ дар 62 муассисаҳои тандурустии давлаӣ ва хусусии вилоят ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба бо теъдоди 1613 аъзоён ташкил карда шуда ба хизматрасониии кумитаи вилояӣ қабул карда шуданд.

 Бахшида ба Соли 2016 - Соли ҷавонон дар якҷоягӣ бо Раёсати тандурустии вилоят ва ҳафтаномаи «Саломат бошед!» озмуни «Беҳтарин табиб ва корманди миёнаи тибби ҷавон» байни кормандони ҷавони соҳаи тандурустии муассисаҳои тиббии вилоят гузаронида шуда, ғолибон ба туҳфаҳо сарфароз шуданд. 

Бо ибтикори Раёсати кумитаи вилояӣ бо мақсади ташвиқу тарғиб ва рушду инкишофи варзиш дар байни кормандони соҳаи тандурусӣ ва ҳифзи иҷтимоии вилоят, гузаронидани мусобиқаҳои варзишӣ ва дигар чорабиниҳои ташкилӣ аз ҳисоби маблағҳои Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони тандурусӣ ва ҳифзи иҷтимоии вилоят толори варзишӣ бо номи варзишгоҳи “ТАБИБОН” дар ҳудуди Беморхонаи клиникавии вилояӣ сохта санаи 20 марти соли 2019 ба истифода дода шуд.

Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони тандурусӣ ва ҳифзи иҷтимоии вилоят баҳри ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кормандони тибби вилоят ба дастовардҳои назаррас ноил гардида дар ҷамбасти соли 2019 дар озмуни вилояӣ кумитаи беҳтарини вилояӣ ҳисобида шуд.

Кумитаи вилояӣ имрўз 203 адад ташкилотҳои ибтидоиро бо фарогирии 31164 нафар аъзоёни иттифоқи касаба муттаҳид менамояд.   

Дар вилоят 7 адад коллеҷҳои тиббӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо ҳамасола зиёда аз 10 000 нафар донишҷуён таҳсили илм менамоянд. 

Тибқи Созишномаи соҳавӣ оғоз аз соли 2017 аз тарафи кумитаи вилояӣ ҳамасола ба 50-60 нафар донишҷўёни ятим ва маъюби коллеҷҳои тиббии вилоят кўмаки яквақтаина дар ҳаҷми 200 сомонӣ ба ҳар яки онҳо ҷудо карда мешавад. Ба 6 нафар донишҷўёни аълохони коллеҷҳои тиббии шаҳрҳои Исфара, Конибодом, Истаравшан Гулистон, Панҷакент ва ноҳияи Б.Ғафуров идрорпулии кумитаи вилояӣ муқаррар карда шудааст. Инчунин ба 2 нафар донишҷўёни аълохони коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд идрорпулии кумитаи ҷумҳуриявӣ дода мешавад.     

Бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз тарафи кумитаи вилояӣ сафари фаъолони иттифоқи касабаи вилоят солҳои 2018 - 2019 ва 2022 бо гурўҳҳои сайёҳии ба шаҳрҳои Бухоро ва Самарқанди Ҷумҳурии Ўзбекистон ташкил ва гузаронида шуд, ки 30 фоизи маблағи сафархарҷи аз ҷониби кумитаи вилояӣ пардохт карда шуд.

Соли 2019 дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касабаи муассисаҳои тандурусӣ ва ҳифзи иҷтимоии вилоят маҷлису конфоронсҳои ҳисоботу интихобоӣ гузаронида шуда 22 нафар раисони кумитаи ибтидоии иттифоқи касаба аз нав интихоб гардиданд ва санаи 16 ноябри соли 2019 Конфронси XVII ҳисобоӣ – интихоботии иттифоқи касабаи кормандони тандурусӣ ва ҳифзи иҷтимоии вилояти Суғд баргузор гардид. 

Ҳамасола аз тарафи кумитаи вилояти озмунҳои “Беҳтарин ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба", “Беҳтарин сардори хадамоти ҳифзи меҳнат" “Беҳтарин муассисаи тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии вилоят оиди бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат”, “Беҳтарин муассисаи тандурусӣ ва ҳифзи иҷтимоии вилоят оиди таҳия ва иҷрои шартномаи коллективӣ” ва дигар озмунҳо гузаронида шуда ғолибон бо мукофотҳо сарфароз гардонида мешаванд.  

Дар давраи солҳои фаъолият нашри маҷаллаи иттилоотии Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони тандурустии вилояти Суғд «Ворисони Сино» ки соли 2004 оғоз гардида буд, давом дода шуда ҳоло нашрия 63 - умин аз чоп бароварда ба кумитаҳои ибтидоӣ дастрас карда шуд. 

Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони тандурусӣ ва ҳифзи иҷтимоии вилояти Суғд аҳли ҷомеаи меҳнатии соҳаро муттаҳид сохта, фаъолияти худро барои ҳимоя ва ҳифзи манфиатҳо ва ҳуқуқҳои меҳнаӣ, иҷтимоию иқтисодии онҳо равона намуда, дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурусӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси кумита Ҳаётзода Нурхон Шариф барои болоравии ҳаракати иттифоқҳои касаба кўшиш ба харҷ медиҳад.