Табрикоти раиси Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода ба муносибати Рўзи кормандони соҳаи сохтмон
Мӯҳтарам сохтмончиёни ободкори кишвар!
Ҳамаи Шуморо бо иди касбиатон, ки ҳамасола якшанбеи дуюми моҳи август таҷлил мегардад, аз сидқи дил муборакбод мегӯям ва дар роҳи иҷрои ҳадафҳои олии созандагиву ободкорӣ комёбиҳо таманно менамоям.
Мусаллам аст, ки барои ободиву рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, суботи ҷомеа ва бунёдкориву созандагии ҳамешагӣ нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст ва дар ин росто соҳаи сохтмон низ аз назари Сарвари давлат як соҳаи ҳаётан муҳим ва инъикоскунандаи рӯзгори ободи ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Боиси ифтихору сарбаландист, ки чун дар тамоми гӯшаву канори кишвари азизамон, дар вилояти овозадори Суғд низ корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъат мегиранд. Дар ин раванд ташаббус ва ибтикороти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо роҳбарии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода хеле назаррас аст.
Гуфтан ҷоиз аст, ки сохтмончиён баҳри ободии диёр заҳмати зиёд мекашанд. Дар зарфи солҳои охир мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани садҳо иншоотҳои нави таъиноти истеҳсоливу иҷтимоӣ, муассисаҳои таълимиву тандурустӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ, биноҳои истиқоматии боҳашамат дар шаҳру ноҳияҳои вилоят гувоҳи равшанӣ, густариши ҷараёни созандагӣ ва ободонии кишвари азизамон мебошад.
Дар роҳи ноил шудан ба дастовардҳо дар баробари сохторҳои ҳокимияти давлатӣ Иттифоқҳои касабаи соҳа низ саҳмгузор буда, онҳо ба ҳайси созмони оммавии мардумӣ масъулияти ширкат дар идоракунии ҷомеа, тарбияи кадрҳо, ҳалли масъалаҳои мубрами ҳаёт ва таъмини адолати иҷтимоӣ ўҳдадор мебошанд ва вазифаҳои қонунии худро ҳамчун ҳомии ҳуқуқу манфиатҳои ҳар як корманд амалӣ мегардонад.
Ҳифзи манфиатҳои меҳнатии кормандон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани ҳифзи иҷтимоии кормандон, коҳиш ёфтани сатҳи бекорӣ, зиёд шудани музди меҳнат, баланд бардоштани некўаҳволии аҳолии кишвар, паст намудани фоизи шуғли ғайрирасмӣ, таъмин кардани меъёрҳои ҳадди ақали иҷтимоӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кормандон дар маркази фаъолияти иттифоқҳои касаба қарор дорад.
Истифода аз фурсати муносиб бори дигар тамоми сохтмончиёни кишвар ва кулли аъзоёни иттифоқҳои касабаро бо Иди касбӣ – Рўзи кормандони сохтмон табрику таҳният намуда, дар ин роҳи бунёдкориву созандагӣ муваффақият ва барори кор орзу менамоям.
Тоҷикӣ
Русский
English 

