Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Ҷумъа, 24 янв. 2025
-4.4°C

Худжанд

ТАБРИКОТИ РАИСИ ШӮРОИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ   ВИЛОЯТИ СУҒД ШАРИФУЛЛО АБДУЛЛОЗОДА

ТАБРИКОТИ РАИСИ ШӮРОИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ  ВИЛОЯТИ СУҒД ШАРИФУЛЛО АБДУЛЛОЗОДА

 Мо дар остонаи Соли нави мелодии 2025 қарор дорем.

Бо тақозои даргузашти вақт мову Шумо боз як солро сипарӣ намудем ва бароямон дар Соли нави 2025 уфуқҳои нав падидор гардида, марҳилаи нави кору зиндагӣ оғоз меёбад.

Соли 2024 дар саҳифаҳои таърих ҳамчун соли пур аз рӯйдодҳои хотирмону фараҳбахш, соли созандагию бунёдкорӣ, ташаббусҳои созанда ва маъракаҳои муҳими сиёсӣ, аз ҷумла, ташрифҳои пурсамари Пешвои миллат ба вилоят дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии мамлакат ва мардуми вилоят нақши мондагор хоҳад гузошт. 

Дар соли 2024 санаҳои мубораки Наврӯзи байналмилалӣ, 27-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-солагии Конститутсияи ҷумҳурӣ, 32-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ, рӯзҳои қабули Парчами миллӣ, забони тоҷикӣ ва дигар чорабиниҳои гуногуни таърихиву фарҳангӣ ва сиёсӣ дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ таҷлил гардиданд.

 Инчунин, соли 2024 барои кормандони иттифоқҳои касабаи вилоят низ соли хотирмон аст. Баргузории ҷаласаи V-уми Шӯрои иттифоқҳои касабаи давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хуҷанд як рӯйдоди муҳим дар ҳаёти иттифоқҳои касабаи вилоят ва минтақа мебошад. Ин тадбир ба таҳкими робитаҳои байналмилалии иттифоқҳои касаба мусоидат мекунад ва имконият медиҳад, ки таҷрибаи беҳтарини кишварҳои дигар дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кормандон омӯхта ва истифода бурда шавад.

Итминони комил дорам, ки дар Соли нав аъзои иттифоқҳои касаба, чун тамоми мардуми шарифи кишвар, дар татбиқи сиёсати созанда ва нақшаҳои ободгаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми бештар мегузоранд.

Бо истифода аз ин фурсати муносиб тамоми сокинони вилоят, бахусус, аъзои иттифоқҳои касабаи вилоятро ба муносибати фаро расидани Соли нави милодии 2025 самимона табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон саломативу хушбахтӣ, файзу баракат, рӯзгори орому осуда ва дастовардҳои нав ба нав орзу менамоям.

Бигзор, Соли нав ба хонадони ҳар фарди тоҷик саломатию иқболи нек, рўзгори босаодат ва ба Тоҷикистони азизу маҳбубамон ваҳдати ҷовидона, пешрафти рӯзафзун ва хушнудиҳои бешумор орад.

 Соли нави милодии 2025 муборак бошад!