Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Якшанбе, 15 фев. 2026
ТАБРИКОТИ РАИСИ ШЎРОИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ ВИЛОЯТИ СУҒД БА МУНОСИБАТИ СОЛИ НАВИ МИЛОДӢ

ТАБРИКОТИ РАИСИ ШЎРОИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ ВИЛОЯТИ СУҒД БА МУНОСИБАТИ СОЛИ НАВИ МИЛОДӢ

Бо таманниёти сарсабзиву шукуфоии ҳамешагӣ фарорасии Соли нави милодиро ба Шумо - кулли аъзои Иттифоқҳои касаба табрику шодбош арз намуда, тансиҳатӣ, сарбаландӣ, саодатмандӣ ва хушрўзиҳои беканорро орзумандам.

Боиси сарфарозист, ки дар Тоҷикистони маҳбубамон рушди босуботи иқтисодию иҷтимоиёти мамлакат сол то сол густариш ёфта,  дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои соҳибистиқлолӣ обрӯю нуфузи Ватани азизамон дар миқёси олам хеле боло рафт.

Воқеан ҳам,  соли 2025 дар саҳифаҳои таърихи давлатдории тоҷикон ҳамчун соли пурбарор ва идомабахши пешрафту шукуфоии давлати соҳибистиқлоламон сабт гардида, дар китоби таърихи халқамон бо ҳарфҳои заррин нақш хоҳад баст. Ин сол, ки бо рӯйдодҳои неку фаромӯшнашаванда ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ хотирмон гашт, барои сокинони вилояти мо низ бо дастовардҳои бузурги меҳнатӣ ва саҳми арзанда дар рушди кишвар ёдмонӣ мешавад. Дар ин радиф руйдодҳои зиёди фараҳбахш руҳ дода, ҷиҳати баланд бардоштани дараҷаи некўаҳволии аъзои иттифоқи касаба низ тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.

Иттифоқҳои касабаи вилоят ба ҳайси шарики боэътимоди иҷтимоии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят фаъолияти самарабахшро идома бахшида, дар пешрафти рўзгори мардум саҳми худро мегузорад. Аз ибтидои сол фаъолияти намояндагони ин ташкилоти бонуфуз барои боло бурдани нуфуз ва эътибори ташкилот дар ҳифзи ҳуқуқ ва ҳимояи манфиатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва зеҳниву фарҳангии меҳнаткашон равона карда шуд. Фаъолони ин ташкилот барои таҳким бахшидани Истиқлоли давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, эътибори арзишҳои фарҳангу ҳуввияти миллӣ ва таъмини ҳаёти арзанда дар вилоят саҳми назаррас доранд.

Итминони комил дорам, ки дар Соли нав аъзои Иттифоқҳои касаба чун тамоми мардуми шарифи кишвар, дар татбиқи сиёсати созанда ва нақшаҳои ободгаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми бештар мегузоранд.

Аз соли нав хостаҳо ва умедвориҳои зиёд дорем ва албатта, дар навбати аввал итминони комил изҳор мекунем, ки соли 2026 боз ҳам пурфайзтару бобаракаттар шавад.

Бори дигар, бо истифода аз ин фурсати муносиб тамоми сокинони вилоят, бахусус, аъзои иттифоқҳои касабаи вилоятро ба муносибати фаро расидани Соли нави милодии 2026 самимона табрику таҳният гуфта, ба ҳар яки Шумо зиндагии пурнишот, ризқи фаровон, сулҳу осоиш, хотири ҷамъ ва дастовардҳои нав ба нав таманно менамоям.

Бигзор Соли нав ба хонадони ҳар фарди тоҷик сулҳу оромӣ, файзу баракат ва рўзгори ободу осударо эҳдо намояд.

Соли нави милодии 2026 муборак бошад!