Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Душанбе, 19 мая. 2025
Таҷлили Наврӯзи оламафрӯз

Таҷлили Наврӯзи оламафрӯз

НАВРӮЗ ИДИ ҲАМАГОН АСТ

Дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд санаи 19 марти соли равон дар муассисаҳои таълимиву солимгардонии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои кӯдакону наврасони имконияташон маҳдуд бо ҷалбу дастгирии сарпарастони вобасташуда чорабиниҳои идонаи наврӯзӣ ташкилу баргузор карда шуд. Чорабиниҳои наврӯзӣ дар мактаб-интернати кӯдакони кар ва шунавоиашон сусти ба номи Т.Ғаффоров ва Маркази барқарорсозӣ ва солимгардонии кӯдакони вилояти Суғд бо иштироки шахсони масъули мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ – раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Абдуллозода Шарифулло ва мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Халифаёр Парвиз доир гардид. Меҳмонони расмии чорабинӣ тарбиятгирандагон ва ҷомеаи меҳнатиро аз номи роҳбарияти вилояту ноҳия табрик намуданд. 

Раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода таманниёти идонаи Раиси вилояти Суғдро ба самъи иштирокдорони чорабинии наврӯзӣ расонида, таъкид дошт, ки маҳз азму иродаи матини халқ ва пуштибонии ҳамаи мардум аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин асолати фарҳангдӯстӣ ва ваҳдатгароиву сулҳпарварии миллати шарафманди тоҷик ва фарзандони бонангу номуси он буд, ки ҷашни деринаи ниёгони мо - Наврӯзи хуҷастапай бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари ҷаҳон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил шуда, ҳамчун иди байналмилалӣ эътироф гардидааст.  

Ҳамчунин ба кормандони ҷомеаҳои меҳнатии муассисаҳои номбурда ҷиҳати садоқаташон ба касби пешакардаашон таваҷчӯҳи махсус зоҳир намуда, барои заҳмату фидокориҳояшон дар раванди таълиму солимгардонии кӯдакону наврасони имконияташон маҳдуд изҳори сипосмандӣ баён карда шуд.