Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Шанбе, 7 дек. 2024
2.6°C

Худжанд

ТАҶАССУМГАРИ ОРМОНҲОИ ДИЛ

ТАҶАССУМГАРИ ОРМОНҲОИ ДИЛ

24 ноябр – Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ТАҶАССУМГАРИ ОРМОНҲОИ ДИЛ

Инсоният тӯли таърихи хеле қадиму бостонӣ дар роҳи тамаддуну фарҳангофарӣ, созандагию бунёдкорӣ ва дигар арзишҳои маънавӣ рамзҳои зиёдеро офаридааст, ки ҳар яки онҳо таърих, сарнавишт, мазмуну моҳият ва мантиқи худро доранд. Агар ба рамзҳо ба назари таҳқиқ нигарем, ҳар як рамз то андозае равшангари таърих, сарнавишту саргузашти қавмҳо, халқиятҳо, миллату давлат таҷассумгари фарҳангу тамаддун, оину суннат ва орзуву ормонҳои мардуманд.

Дар таърихи тамаддун ва фарҳанги басо ғанию қадимаи халқи тоҷик парчам ва парчамдорӣ таърихи хеле ҷолиб рангин ва тӯлонӣ дошта, он дар маъхазҳои таърихию адабӣ, достону қиссаҳо, ривоятҳо ва эҷодиёти шифоҳии мардум инъикос ёфтааст.

Баъди барҳам хӯрдани давлати шӯравӣ хушбахтона, Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб сохти конститутсиониро дар ҷумҳурӣ аз нав барқарор намуд. Ин иҷлосия ба саҳнаи сиёсӣ сиёсатмадори даврони нав, Сарвари оқилу ҷасур ва дурандеш, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро овард ва ӯ Тоҷикистонро аз вартаи нобудшавӣ раҳонид. Санаи 24-уми ноябри соли 1992 дар иҷлосия «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро қарор қабул шуд ва бо ҳамин кишвари мо соҳиби яке аз рамзҳои асосии давлати соҳибистиқлол гардид. Дар иҷлосия нусхаи аслӣ ва нахустини Парчами давлатиро Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому арҷгузорӣ бӯсида, дар назди он сари таъзим фуруд оварда буданд.

Соли 2008-ум бо ибтикори Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллӣ, гиромидошту арҷгузории ин разми давлати соҳибистиқлоламон 24-уми ноябр чун Рӯзи Парчам эълон гардид ва мо онро чун воқеаи фараҳбахш ҳар сол таҷлил менамоем. Таҷлили Рӯзи Парчам дар замири ҳар як фард эҳсоси худшиносӣ, худогоҳӣ, ватандӯстӣ ва ифтихор аз Истиқлолу озодиро афзун мегардонад.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба ифтихори барафрохтани Парчами миллӣ чунин изҳор намуда буданд: «Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамқадами соҳибистиқлолии Ватанамон буда, дар баробари Конститутсия, Нишон, Суруди миллӣ ва асъори миллӣ аз ҷумлаи гиромидошти рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ маҳсуб мешавад». Ёдовар мешавем, ки дар арафаи ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар паҳлӯи чапи Қасри миллат дар баробари Нишони давлатӣ баландтарин Парчами Тоҷикистон барафрохта шуд, ки бо бузургиву ҳашамати худ назир надорад.

 Ба ҷой овардани эҳтиром нисбат ба Парчами миллӣ қарзи ҳар як шаҳрванд аст, зеро парчам як рамзи хосаи истиқлолият, ватандорӣ, соҳибдавлатӣ ва ҳастии миллат аст.

Таманнои онро дорам, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи иқболу шараф ва сарбаландц дар фазои Тоҷикистони маҳбубамон то абад парафшон бошад!

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!

 

   Шарифулло Абдуллозода,

   раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд