Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Чоршанбе, 15 июл. 2026
 ШИРКАТ ДАР ФЕСТИВАЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ "ДӮСТӢ"

ШИРКАТ ДАР ФЕСТИВАЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ "ДӮСТӢ"

Бо дастур ва дастгирии Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, муҳтарам Чиллазода Қарахон, ҳайати ҳунармандон ва санаткорони Тоsикистон дар Фестивали байналмилалии "Дӯстӣ", ки аз 24 то 27 июли соли ҷорӣ дар шаҳри Тошканд баргузор гардид, фаъолона ширкат варзиданд.

Ин фестивал, ки бо ташаббуси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон барпо шуд, намояндагони ањли њунар ва санъаткорони Тоҷикистонро дар ҳайати 11 нафар гирдовард. Онҳо дар чандин нишасту маҳфилҳои фарҳангӣ иштирок намуда, бо барномаи хоси фарҳангӣ ва ҳунарӣ баромад карда, санъату ҳунари асили Тоҷикистонро ба таври шоиста муаррифӣ намуданд.

 Дар фестивал намояндагони иттифоқҳои касаба аз кишварҳои дӯсту ҳамсоя – Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия, Туркманистон ва Ӯзбекистон иштирок доштанд.

Дар доираи фестивал, ҳунарҳои мардумии 22 давлати ҷаҳон дар павилионҳои алоҳида ба намоиш гузошта шуданд. Ҳар як павилион меҳмононро бо суруду оҳангҳои дилнишин ва мусиқии миллӣ истиқбол мегирифт, ки фазои дӯстӣ ва табодули фарҳангро ҳукмфармо мекард.

Дар ҷараёни боздиди расмӣ, Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, академик Абдуҷаббор Раҳмонзода, Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Қудратулло Рафиқов ва ҳайати бонуфузи меҳмонон аз кишварҳои мухталиф аз намоишгоҳи ҳунарҳои миллии Тоҷикистон боздид намуда, ба намунаҳои ҳунарии мардуми тоҷик баҳои баланд доданд. Дар намоишгоҳи Тоҷикистон њунарњои дастї, намунаҳои ҳунари рассомон ва меъморони тоҷик, либосҳои миллии зебо, китобҳо ва дигар маҳсулоти ҳунарӣ ба маърази тамошо гузошта шуда буд, ки таваҷҷуҳ ва истиқболи гарми тамошобинонро ба бор овард.

Дар ин фестивал ҳар як давлати ширкаткунанда чор барномаи фарҳангӣ, адабӣ ва мусиқии худро пешниҳод намуд. Намояндагони Тоҷикистон бо рақси дилчаспи тоҷикии "Ҷилва" дар иҷрои ансамбли рақсии ба номи Ғаффор Валаматзода, навозиши дутор бо унвони "Шаҳди ҷавонӣ" дар иҷрои ҳунарманди ҷавон Камолиддин Худоймернанов, инчунин сурудҳои "Муждаи васл" ва "Тоҷикистон" дар иҷрои Сироҷидин Худоймерганов санъати пурғановати Тоҷикистонро бо шукӯҳу шаҳомат муаррифӣ карданд.

Дар поёни фестивал, ба ҳамаи иштирокчиён нишонаи рамзии Фестивали "Дӯстӣ" ва сертификат барои ширкат дар ин чорабинии муҳим супорида шуд.

Фестивали байналмилалии "Дӯстӣ" дар рушди робитаҳои дӯстӣ, ҳамкорӣ ва табодули фарҳангии байни халқҳо нақши муассир ва боризеро гузошт.