ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАМЪОНА
Субҳи имрӯз, 14 феврали соли ҷорӣ, бо иштироки кормандони Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд шанбегии дастаҷамъона баргузор гардид.
Дар доираи ин иқдоми ободонӣ кормандон ба тозагардонии гирду атрофи бинои Иттифоқҳои касаба ва хиёбони марказии ба номи Исмоили Сомонӣ ҷалб гардида, саҳми худро дар зебо нигоҳ доштани муҳити шаҳр гузоштанд.
Ташкили чунин шанбегиҳо на танҳо барои беҳбудии муҳити зист, балки барои тарбияи ҳисси масъулият ва дӯст доштани табиати поку муҳити тоза миёни ҷомеа басо муҳим мебошад.
Тозагию ободии Ватан мароми мост!
Тоҷикӣ
Русский
English 

