
СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ
Дар асоси Нақшаи чорабинии Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд санаи 29 майи соли ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов семинари омӯзишӣ баргузор гардид.
Дар семинар зиёда аз 200 нафар роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони иттифоқи касаба, муҳосибон, нозирони шӯъбаи кадрҳо ва кормандони масъули ҳифзи меҳнати соҳаҳои гуногун иштирок намуданд.
Мудири шӯъбаи ҳифзи ҳуқуқи Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят Бузуруков И.А. дар мавзўи танзими муносибатҳои меҳнатӣ тавассути шартномаҳои коллективӣ ва шартномаҳои меҳнатӣ, тартиб ва андозаи хароҷоти маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ барои табобати санаторию курортӣ, ташкили истироҳати кормандон ва аъзои оилаи онҳо, бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат ибрози ақида намуданд. суханронӣ намуд.
Сипас, мудири шуъбаи ҳифзи меҳнати Шўро Яъқубӣ М.Ш. дар мавзўи бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат, пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ баромад намуд.
Дар ҷамъбаст муҳокимаронӣ байни иштирокдорон ҷараён гирифт.