
СЕМИНАР БО ИШТИРОКИ РОҲБАРОНИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ
Санаҳои 13-15 майи соли ҷорӣ дар толори Маркази таълимии "Бонки миллии Тоҷикистон"-и шаҳри Гулистон семинар бо иштироки намояндагони Федератсияи иттифоқҳои касабаи ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон ва ҳамчунин кормандон аз корхонаҳои трансмиллӣ баргузор гардид.
Дар раванди семинар мутахассиси калони Дафтари Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ - Гоча Александрия, мудири шуъбаи Иттиҳоди умумиҷаҳонии UNI - Гидре Лелите, муовини аввали раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон - Файзизода Исмоил Нарзӣ ва мудири шуъбаи иҷтимоӣ-иқтисодӣ, робити бо ҷомеа ва байналмилалии Федератсия - Юнусов Ҷамшед Собирович ба суханронӣ намуданд.
Инчунин, раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон - Файзиева Сайёра, мудири шуъбаи ҳифзи меҳнати Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон - Гаибназарова Нодира Баходиржановна ва раиси иттифоқи касабаи коркунони корхонаҳои миёна ва хурди саноати Қазоқистон «YNTYMAQ» - Шаимов Толеген Менсеитович оид ба масъалаҳои корхонаҳои трансмиллӣ ва ҳуқуқҳои меҳнатӣ дар Осиёи Марказӣ-стратегияи иттифоқҳои касаба оид ба ҳалли мушкилоти меҳнати арзанда дар занҷираи таъмин, ҳамкориҳои наздисарҳадӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифт.
Дар семинари мазкур иштирокдорон дар кори гурӯҳӣ байни ҳам табодули таҷриба намуданд.
Дар фарҷом раиси Федерасияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон - Неъматзода Маликшо ва сардори Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ - Сергиус Гловатскас оид ба ҳадафҳои баргузории семинар ва нақшаҳои минбаъда ибрози андеша намуда, ба кори семинар ҳусни анҷом бахшиданд.