
РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ СОЗАНДА
Дирўз дар шаҳри Нурафшони вилояти Тошкенти Ҷумҳурии Ўзбекистон бо иштироки ҳайати намояндагони Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, кормандони масъули Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Тошкент, ҳамкорони иҷтимоии Иттифоқҳои касабаи вилояти Тошкент мизи мудаввар дар мавзўи “Ҳамкориҳои иҷтимоии иттифоқҳои касаба бо сохторҳои давлатӣ: таҷрибаи пешқадам дар самти ҳифзи манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии коргарон” баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндагони Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғду Тошкент баромад намуда, оид ба ҳамкориҳои сохторҳои давлатӣ, иттифоқҳои касаба, шарикони рушд ва корфармоён суханронӣ намуданд.
Намояндагони Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд низ оид ба ҳамкориҳои иҷтимоии сеҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи корфармоёни Тоҷикистон дар самти ҳифзи манфиатҳои иҷтимоии коргарон, ташкили ҷойҳои нави корӣ таъмини бехатарии меҳнат дар ҷойи корӣ ва дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди болоравии сатҳи зиндагии шаҳрвандон ва дигарҳо баромад ва мубодилаи таҷриба намуданд.
Дар доираи сафари корӣ намояндагони Иттифоқҳои касабаи вилоят аз фаъолияти иттифоқҳои касабаи соҳаи саноат, маориф, кластерҳои соҳаи кишоварзӣ ва дигарҳо ошноӣ пайдо намуданд. Аз ҷумла ба фаъолияти ташкилотҳои Иттифоқҳои касаба дар Заводи истеҳсоли трактор, муассисаҳои таълимӣ, мактаби Президентӣ, кластерҳои соҳаи кишоварзӣ ва дигарҳо ташриф оварда мубодилаи таҷриба намуданд.
Инчунин ба Институти такмили ихтисоси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ўзбекистон ташриф оварда бо ҷараёни баргузории машғулиятҳои такмили ихтисоси кормандони иттифоқҳои касаба, роҳу усулҳои омўзиш, барномаҳои таълимӣ ва тадбиқи усулҳои муосири дарсгўӣ ба шунавандагон шинос гардиданд.
Ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷониба дар заминаи нақшаҳои нави корӣ идома хоҳад ёфт.