РАЁСАТИ ШЎРО БАРГУЗОР ГАРДИД.
Санаи 24 декабри соли ҷорӣ Раёсати Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд баргузор гардид.
Дар Раёсат якчанд масъалаҳо, аз ҷумла дар бораи даъвати Пленуми Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, тасдиқи нақшаи кори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд барои нимсолаи аввали соли 2026, тасдиқи буҷети Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд барои соли 2026, пешниҳоди Кумитаҳои соҳавӣ ба «Лавҳаи фахрӣ»-и Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, ҷамъбасти озмуни вилоятии “Таъсиси ташкилотҳои нав дар иттифоқҳои касаба” ва дигар масъалаҳо баррасӣ гардид. Раиси Шўро аз масъулони соҳа ва сарварони Кумитаҳои соҳавӣ пурсиш ба амал оварда, барои тақвият бахшидани фаъолияти минбаъда дастуру супоришҳо дод. Вобаста ба масъалаҳои матраҳгардида қарорҳои дахлдор қабул гардид.
Тоҷикӣ
Русский
English 

