РАЁСАТИ ШЎРО БАРГУЗОР ГАРДИД
Санаи 25 декабри соли ҷорӣ Раёсати Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд баргузор гардид.
Дар Раёсат якчанд масъалаҳо, аз ҷумла дар бораи даъвати Пленуми Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, дар бораи тасдиқи нақшаи кори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд барои нимсолаи аввали соли 2025, дар бораи тасдиқи буҷети Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд барои соли 2025, дар бораи пешниҳоди Кумитаҳои соҳавӣ ба «Лавҳаи фахрӣ»-и Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ва дигар масъалаҳо баррасӣ гардид.
Раиси Шўро аз масъулони соҳа ва сарварони Кумитаҳои соҳавӣ пурсиш ба амал оварда, барои тақвият бахшидани фаъолияти минбаъда дастуру супоришҳо дод.
Вобаста ба масъалаҳои матраҳ гардида қарорҳои дахлдор қабул гардид.