
Рўзноманигорони гиромӣ ва аҳли кормандони матбуот!
Бо камоли эҳтиром ва самимияти бепоён, ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик табрик ва таҳният мегӯям. Бароятон дар ин роҳи пурифтихор, дар кору эҷод ва дар саҳифаҳои зиндагии шахсиатон барор, комёбӣ, пирӯзӣ ва сарбаландиро орзумандам. Бигзор ҳамеша қалами шумо роҳнамои афкор ва садои ҳақиқат бошад!
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нисбат ба қаламкашон таваҷҷуҳ ва муҳаббати хоса доранд ва намояндагони матбуотро барҳақ нерӯи пешбарандаи ҷомеа меҳисобанд.
Бо шарофати неъмати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, теъдоди нашрияҳои даврӣ, рӯзномаву ҳафтаномаҳо ва дигар воситаҳои ахбори омма афзоиш ёфта, фаъолияти пурсамари худро дар таъмини фазои иттилоотӣ равона сохта, сокинонро сари вақт аз рӯйдодҳои муҳими ҷомеа огоҳ месозад. Рисолати аслии ҳар як эҷодкор ва зиёӣ дар он аст, ки нерӯи сухан ва хомаи созандаи хешро барои ҳифзи арзишҳои миллию давлатдорӣ, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва пойдории Истиқлолияти давлатӣ равона созад.
Имрӯз иттилоот ва хабарҳои шумо сари вақт, бе ягон таъхир ба зудӣ паҳн мешавад ва оламиён аз он огоҳ мегарданд. Бешак, ин тарзи фаъолият аз шумо маҳорати баланд, назари амиқ, мавридшиносиву дурбиниро тақозо менамояд. Мо имрӯз шоҳиди он ҳастем, ки дар ин ҷабҳа Шумоён бо сарбаландӣ ва садоқати комил хидмати касбии худро адо карда истодаед.
Инак, иди фирӯзатон ҳамрадифи баҳори тозаэҷод, бо насими тоза ва нафаси муборак фаро мерасад. Бо истифода аз ин фурсати муносиб, бори дигар кулли кормандони матбуотро бо иди касбӣ - Рӯзи матбуот табрику таҳният гуфта, итминони комил дорам, ки дар амалӣ гаштани ҳадафҳои нек, иқдомҳои созанда ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум саҳми арзанда хоҳед гузошт.
Бароятон саломатӣ, сарбаландӣ, садоқат ба қалам ва эҷодиёти пурмуҳтаворо таманно дорам.
Иди касбӣ муборак!
Бо арзи эҳтиром,
Шарифулло Абдуллозода,
Раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд