Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Якшанбе, 20 июл. 2025
РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ МУБОРАК!

РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ МУБОРАК!

Бо камоли эҳтиром ва ифтихормандӣ ҳамаи Шумо ҳамдиёронро бо санаи сарнавиштсоз ва мубораку таърихии 28-умин солгарди рўзи Ваҳдати миллӣ, ки нишони сулҳу субот, оромию осоиштагӣ ва иттиҳоду сарҷамъӣ мебошад, самимона муборкабод намуда, ба Шумо саломативу саодатмандӣ, сарбаланиву шодкомӣ, некномиву пирўзиҳо ва рўзгори ободро таманно менамоем.

Солҳои зиёдест, ки дар кишвари маҳбуби мо санаи 27-уми июн ҳамчун рӯзи ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ таҷлил карда мешавад. Воқеан, ин санаи сарнавиштсоз дар ҳаёти ҳар як тоҷики ватандӯсту сулҳпарвари  мамлакат бо овардани пайғоми сулҳу дӯстӣ, саодату садоқат, некиву имон ва рӯшаниву сафо фаромӯшнопазир мебошад. Маҳз бо талошҳои пайгирона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот, оромишу якдигарфаҳмӣ ва самимияту дилбастагӣ дар кишвар тантана намуд ва бо таҳкими ваҳдати миллӣ Тоҷикистон ба пешрафтҳои тоза ва арзишманд мушарраф гардид.

Ваҳдат беҳтарин василаест барои баланд бардоштани ҳисси ватандорӣ, ватанпарастӣ, худшиносӣ, арҷ гузоштан ба суннатҳои миллӣ. Халқи куҳанфарҳанги тоҷик ҳамеша тарафдори сулҳу ваҳдат будаанд ва хоҳанд монд.

Бори дигар, ҳамдиёрон ва кулли аъзои иттифоқи касабаро бо ҷашни Ваҳдати миллӣ муборакбод намуда, саодати зиндагӣ, хушбахтии ҷовидона ва сулҳи ҳамешагиро баҳратон таманно дорам. Ин ҷашни миллию ҳумоюниро бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ истиқбол менамоем.

Рўзи Ваҳдати миллӣ муборак!

 

Раёсати Шўрои иттифоқҳои

касабаи вилояти Суғд