РЎЗҲОИ ИСТИРОҲАТӢ ДАР МОҲИ ЯНВАР
Мутобиқи моддаи 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» имсол - рўзи 1 январ Соли нав ҷашн гирифта шуда, рўзи ғайрикорӣ дониста мешавад.
Дар асоси қисми 1 моддаи 89 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон истироҳат дар рўзҳои иди ғайрикорӣ мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» муайян карда мешавад.
Қисми 4 моддаи 89 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ки тартиби гузаронидани рўзи истироҳатро ба дигар рўзи корӣ бо мақсади самаранок истифода намудани вақти корӣ дар рўзҳои иди ғайрикорӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2021, №154 Тартиби гузаронидани рўзҳои истироҳат ба дигар рўзи корӣ тасдиқ карда шудааст.
Мутобиқи Тартиби мазкур гузаронидани рўзи истироҳат ба дигар рўзи корӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати рост омадани як рўзи корӣ дар байни рўзи иди ғайрикорӣ ва рўзҳои истироҳат амалӣ карда мешавад.
Дар асоси қисми 3 ҳамин Тартиб гузаронидани рўзи истироҳат ба дигар рўзи корӣ ба кормандоне татбиқ карда мешавад, ки вақти кори онҳо аз ҳафтаи панҷрўзаи корӣ бо ду истироҳат (шанбе ва якшанбе) иборат аст.
Аз ин лиҳоз, имсол тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 декабри соли 2025, №676, рӯзи 10 январ, ки ба рӯзи шанбеи ҳафта рост меояд, рӯзи корӣ эълон шуда, рӯзи ҷумъа – 2 январ истироҳатӣ ҳисобида мешавад.
Бо ҳамин назардошт, ба кормандоне, ки реҷаи 5 рӯзаи ҳафтаи корӣ доранд, аз 1 то 4 январи соли 2026 – Рӯзи рӯзҳои истироҳатӣ ҳисобида мешаванд.
Тоҷикӣ
Русский
English 

