Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Душанбе, 19 мая. 2025
ПОСУХҲО БА САВОЛИ ШУМО

ПОСУХҲО БА САВОЛИ ШУМО

Кормандоне, ки ба синни ҳаждаҳ нарасидаанд, чӣ гуна вакти корӣ муайян карда шудааст?

Мутобиқи талаботи моддаи 211 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида давомнокии вақти кўтоҳи корӣ муқаррар карда шудааст:

- барои кормандони аз чордаҳсола то шонздаҳсола- на зиёда аз 24 соат дар як ҳафта;

- барои кормандони аз шонздаҳсола то ҳаждаҳсола- на зиёда аз 35 соат дар як ҳафта;

- барои таълимгирандагони муассисаҳои таълимӣ, ки якҷоя дар давраи соли таҳсил кор ва таҳсил мекунанд, аз чордаҳсола то шонздаҳсола – 2,5 соат дар як рўз ва аз шонздаҳсола то ҳаждаҳсола 3,5 соат  дар як рўз муқаррар карда шудааст.