Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Ҷумъа, 14 фев. 2025
2.6°C

Худжанд

ПОСУХҲО БА САВОЛҲОИ ШУМО 

ПОСУХҲО БА САВОЛҲОИ ШУМО 

1.Музди меҳнати кори шабона чӣ тавр бояд ҳисоб ва пардохт карда шавад? 

Мутобиқи моддаи 156 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохти афзудашудаи музди кори шабона ба ставкаи маоши моҳона дохил намешавад ва музди кори шабона бояд 1,5 каррата ҳисоб ва пардохт карда шавад.

 2. Оё корфармо бар ивази музди меҳнат маҳсулот дода метавонанд?

Тибқи талаботи моддаи 159 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон музди меҳнат бо пули миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда мешавад. Бо розигии корманд ба ивази пардохти пулӣ қисман ба пардохти аслӣ (шакли омехтаи пардохт) роҳ дода мешавад, вале он аз 20 фоизи маблағи умумии музди меҳнати якмоҳаи ў зиёд буда наметавонад.

3. Ҳангоми дар ҳамон корхона, ташкилот кормандро ба кори доимии каммузд гузаронанд музди меҳнати пешинааш чанд моҳ нигоҳ дошта мешавад?

Тибқи талаботи моддаи 167 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми дар ҳамон корхона, ташкилот ба кори доимии каммузд гузаронидани корманд музди меҳнати пешинаи ў дар мўҳлати ду моҳ аз рўзи гузаронидан нигоҳ дошта мешавад.