
Посухҳо ба саволҳои Шумо
1. Оё роҳбари корхона (муассиса, ташкилот) аз музди маоши корманд маблағ нигоҳ дошта метавонад?
1. Роҳбари ташкилот бе ягон асос аз музди маоши корманд барои нигоҳ доштани маблағ ҳуқуқ надорад.
2. Мутобиқи моддаи 163 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ доштани маблағ аз музди меҳнат танҳо дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст.
3. Нигоҳ доштани маблағ аз музди меҳнати корманд барои ҷуброни карзҳояш дар назди корфармо тибқи амри корфармо дар ҳолатхои зерин амалӣ карда мешавад:
–барои баргардонидани пешпардохти коркарданашуда, ки ба ҳисоби музди меҳнат ба корманд дода шудааст;
–барои баргардонидани маблағе, ки дар натиҷаи ҳисоби нодуруст зиёдатӣ дода шудааст;
–барои ҷуброни пешпардохти истифоданашуда ва сари вақт барнагардонидае, ки барои сафари хизматӣ ё барои гузаронидан ба кори дигар, ҷойи дигар ва эҳтиёҷоти хоҷагидорӣ дода шудааст, агар корманд аз асос ва андозаи нигоҳ доштани маблағ норозигӣ баён накунад. Дар чунин ҳолатҳо корфармо ҳуқуқ дорад, дар бораи нигоҳ доштани маблағ дар муддати на камтар аз як моҳи рӯзи охирини муҳлати муайяншудаи баргардонидани пешпардохт, ҷуброни қарзҳо ва ё аз рӯзи нодуруст гузаронидани маблағ супориш диҳад.
4. Андозаи умумии нигоҳдошташаванда аз музди меҳнат ва дигар намудҳои даромадҳои корманд аз 20 фоиз ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 50 фоизи музди меҳнати корманд зиёд буда наметавонад.
5.Музди меҳнатеро, ки корфармо ба корманд барзиёд пардохтааст, аз ҷумла ҳангоми истифодаи нодурусти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои ҳолатҳои ҳисоби нодуруст аз корманд рўёнидан мумкин нест.
2. Ба корманд дар кадом ҳолат хўрокҳои табобатию профилактикӣ ва шир дода мешавад?
Мутобиқи банди 2, қисми 4,5 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 сентябри соли 2014, №592 «Дар бораи тасдиқ намудани қоидаҳо ва меъёрҳои ба кормандон додани шир, хўроки табобатию профилактикӣ, либос ва пойафзоли махсус ва дигар воситаҳои муҳофизати фардӣ, таъмин намудани кормандон бо воситаҳои муҳофизати коллективӣ, биноҳои санитарию маишӣ ва дастгоҳи таҷҳизот аз ҳисоби маблағҳои корфармо» Шир ва хӯроки табобатию профилактикӣ ба кормандон аз рӯи натиҷаҳои аттестатсияи шароити меҳнати объектҳои истеҳсолӣ, бо мақсади пешгирӣ намудани бемориҳои касбӣ ва заҳролудшавӣ, таҳкими саломатии коргарон дода мешавад.
Шир дар басти корӣ (дар танаффус) новобаста аз давомнокии он дар рӯзҳои воқеан ба корҳои вобаста ба истеҳсол ё истифодабарии моддаҳои кимиёвӣ машғул будани корманд, аз рӯи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
Тибқи банди 2, қисми 9 қарори мазкур хўроки табобатию профилактикӣ ва шир дар ҳолатҳои зерин дода намешавад;
–дар рўзҳои ғайрикорӣ;
–дар рўзҳои рухсатӣ;
–дар рўзҳои сафарҳои хизматӣ;
–дар рўзҳои таҳсили ҷудо аз истеҳсолот;
–дар рўзҳои иҷрои кор дар дигар қитъаҳое, ки додани хўроки табобатию профилактикӣ пешбинӣ нашудааст;
–дар давраи корношоями муваққатӣ.
3. Оё корфармо ҳуқуқ дорад, занонро ба корҳои шабона ва шароити меҳнаташон зарарнок аст, ҷалб намояд?
Мутобиқи моддаи 216 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистонар корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарнок истифодаи меҳнати занон манъ аст.
Ҳамчунин тибқи талаботи моддаи 217 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон корфармо ҳуқуқ надорад занони ҳомиларо ба кори шабона, кор дар рўзҳои истироҳат ва иди ғайрикорӣ, изофакорӣ ҷалб намояд, ба сафари хизматӣ фиристонад, инчунин онҳоро аз рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда бозхонд намояд.
Корфармо ҳуқуқ надорад шахсони зеринро бе розигии хаттии онҳо ба кори шабона, изофакорӣ ва ба кор бо усули вахтавӣ ҷалб намояд, инчунин ба сафари хизматӣ фиристонад:
-заноне, ки кўдаки то синни чордаҳ доранд, инчунин дигар шахсоне, ки кўдаки то синни чордаҳро бе модар тарбия мекунанд;
-кормандоне, ки аъзои бемори оиларо нигоҳубин мекунанд, ё ин ки кўдакони маъюбро тарбия менамоянд, агар аъзои бемори оила ва кўдакони маъюб дар асоси хулосаи тиббӣ ба нигоҳубини доимӣ эҳтиёҷманд бошанд.