Посухҳо ба саволҳои Шумо
1. Дар корхонаҳои хусусӣ рухсатии ҳомиладорӣ ва таваллуд пешниҳод карда мешавад?
Дар асоси талаботи моддаи 26 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи корфармо бо корманд шартномаи меҳнатӣ баста шуда, қонунан ба расмият дароварда шуда, аз музди меҳнати корманд андози иҷтимоӣ нигоҳ дошта бошад, он гоҳ ба рухсатии ҳомиладорӣ ва таваллуд ҳуқуқуқ дорад.
2. Барои кормандоне, ки шароити корашон зарарнок аст, чӣ гуна имтиёзҳо мавҷуд аст?
Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандоне, ки шароити корашон зарарнок аст, имтиёзҳои зерин пешбинӣ гардидааст:
-тибқи талаботи моддаи 334-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёзот ва ҷубронҳо барои кормандоне, ки шароити корашон заранок аст, мувофиқи меъёрҳои муқарраргардида шир ё дигар маҳсулоти зарурӣ аз тарафи корфармо ройгон дода мешавад;
- мутобиқи талаботи моддаи 335-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон корфармо вазифадор аст, ба кормандоне, ки бо корҳои шароитиашон зарарнок ва хатарнок, ҳамчунин дар шароити номусоиди ҳароратӣ ва ифлосӣ машғуланд, мувофиқи меъёрҳои муқарраргардида бепул либоси махсус ва дигар воситаҳои ҳифозати фардӣ ва гигиениро диҳанд;
- мутобиқи талаботи банди 3-и моддаи 333 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар корҳои шароиташон махсусан хатарнок кормандон пеш аз оғози кор аз муоинаи тиббӣ гузаронида мешавад. Аз муоинаи тиббӣ гузаштани корманд аз ҳисоби маблағҳои корфармо амалӣ карда мешавад.
3. Барои кормандоне, ки бо корҳои меҳнаташ зарарнок ва вазнинии меҳнат машғуланд, вақти кўтоҳи корӣ ва рухсатии иловагӣ муқаррар шудааст?
Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Номгўи истеҳсолот, сехҳо, корҳо, касбу вазифаҳое, ки шароити меҳнати зарарнок ва вазнини кор дар онҳо барои рўзи кўтоҳи кор ва рухсатии иловагии ҳарсола ҳуқуқ медиҳад» аз 31.12.2002, №521 ва аз 30.12.2007, №658 барои ин категорияи корманд вақти кўтоҳи корӣ ва рухсатии иловагӣ муқаррар карда шудааст.