Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Ҷумъа, 14 фев. 2025
2.6°C

Худжанд

Посухҳо ба саволҳои Шумо

Посухҳо ба саволҳои Шумо

1.Давомнокии рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи камтарин чанд рўзи тақвимиро ташкил медиҳад?

Мувофиқи моддаи 93 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон давомнокии рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи камтарин 24 рўзи тақвимиро ташкил медиҳад.

2.Оё корфармо ҳуқуқ дорад, кормандро аз рухсати меҳнатӣ бозхонд намояд?

Мувофиқи банди 2, 3, 4 моддаи 111 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

2. Аз рухсатии меҳнатӣ бозхондан танҳо бо розигии корманд мумкин аст.

3. Ҳангоми бозхондан аз рухсатии меҳнатӣ қисми истифоданашудаи рухсатӣ бояд ба корманд дар давоми ҳамон соли корӣ дар вақти барояш мусоид дода шавад ва ё ба рухсатии соли кории ояндааш бо риояи талаботи пешбининамудаи моддаи 108 Кодекси мазкур илова гардад, агар дар созишнома ва шартномаҳои коллективӣ дигар ҳолатҳо пешбинӣ нашуда бошанд.

4. Аз рухсатии меҳнатӣ бозхондани кормандони аз ҳаждаҳсола хурд ва кормандоне, ки дар шароити барои саломатӣ зарарнок, хавфнок ва вазнини меҳнат кор мекунанд ё корашон хусусияти махсус дорад, инчунин дигар шахсон дар ҳолатҳои дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда мумкин нест. 

3. Оё корфармо метавонад рухсатии меҳнатии кормандро қисм - қисм пешниҳод намояд? 

Тибқи талаботи моддаи 111 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рухсатии меҳнатиро бо мувофиқаи корманд ва корфармо ба қисмҳо ҷудо кардан мумкин аст, ки яке аз қисмҳои он набояд аз 14 рўзи тақвимӣ камтар бошад.