
ПОСУХҲО БА САВОЛҲОИ ШУМО
1. Давомнокии муътадили вақти корӣ дар корхонаю ташкилотҳо дар як ҳафта чанд соат бояд бошад?
Мутобиқи моддаи 67 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон давомнокии муътадили вақти корӣ дар ташкилотҳо дар як ҳафта набояд аз 40 соат зиёд бошад.
2. Давомнокии вақти кории шабона чӣ гуна бояд бошад?
Мутобиқи талаботи моддаи 77 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соати 22-00 то соати 6-00 саҳари рўзи оянда вақти шабона ҳисоб карда мешавад.