Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Якшанбе, 15 фев. 2026
ПЛЕНУМИ ШӮРО БАРГУЗОР ГАРДИД

ПЛЕНУМИ ШӮРО БАРГУЗОР ГАРДИД

Санаи 25 декабри соли ҷорӣ Пленуми Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд баргузор гардид.

Рўзномаи Пленум аз ду масъала:

- Оид ба Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 

- Оид ба ҷамъбасти фаъолияти Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026 иборат буд.

Дар кори Пленум Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло - муовини Раиси вилояти Суғд, аъзоёни пленум, кормандони масъул ва фаъолони Иттифоқҳои каабаи вилоят иштирок намуданд.

Ҷаласаро раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода оғоз намуд. 

Сараввал раиси Шўро Шарифулло Абдуллозода оид ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маърўза намуд.

Баъдан оид ба ҷамъбасти фаъолияти Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд дар соли 2025 Обидзода Нумон Юлдошӣ муовини аввали раиси Шӯро ҳисобот дод.

Аз ҷониби раиси Шӯро дар ҷараёни музокираҳо аз кормандони масъули Кумитаҳои соҳавии вилоятӣ пурсишҳо ба амал овард. 

Вобаста ба масъалаҳои баррасӣ гардида қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Ҷамшед Ҷӯразода - муовини Раиси вилояти Суғд ба сухан баромада фаъолияти Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғдро хуб арзёбӣ намуд. Ҳамчунин дар самти боз рушд бахшидан дар фаъолияти иттифоқҳои касаба, аз ҷумла оиди таъсис додани ташкилотҳои нав дар ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли моликият, инчунин корҳои азнавсозии ободонию истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии вилоят, ки дар мансубияти Раёсату шуъбаҳои маориф ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ қарор дорад, андешидани тадбирҳо оиди барҳам додани қарздорӣ аз музди меҳнат ва дигарҳо дастурҳо дод. Дар интиҳо кулли аъзоёни Иттифоқҳои касабаи вилоятро бо Соли нави омада истода аз номи Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода муборакбод намуд.

Сипас, раиси Шўро Шарифулло Абдуллозода барои боз ҳам ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидан дар соли 2026, вазифагузорӣ намуд. 

Бо қарори Пленуми Шўрои иттифоқҳои касабаи вилоят «Соли 2026-соли рушди ҳаракати иттифоқҳои касаба ва таҳкими худшиносиву худогоҳии миллии аъзоён» эълон гардид.

Пас аз баргузории Пленум ба якчанд нафар пешқадамони соҳа ва роҳбарони корхонаҳо барои фаъолияти назаррас ва ҳамкориҳои судманд бо Ифтихорномаи Шўрои иттифоқҳои касабаи вилоят сарфароз гардонида шуданд. 

Инчунин, Кумитаи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилоят барои ишғоли ҷойи якум дар озмуни «Таъсиси ташкилотҳои нав дар Иттифоқҳои касаба” бо Дипломи Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ва маблағи пулӣ қадрдонӣ карда шуд. Барои иштироки фаъолона дар озмун Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони нақлиёт ва ҳоҷагии роҳҳои вилоят бо Сипосномаи Шўрои иттифоқҳои касабаи вилоят сарфароз гардонида шуд.

Сипас ба 15 нафар пешқадамони соҳа, ки дар соли 2025 ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардиданд, Шаҳодатномаи “Лавҳаи фахрӣ” супорида шуд.

Пас аз Пленум дар вазъияти тантанавӣ “Лавҳаи фахрӣ” , ки дар он ҷо расми пешқадамони соҳа ҷойгир шуда буданд ифтитоҳ гардид.