ПЛЕНУМИ ШӮРО БАРГУЗОР ГАРДИД
Санаи 27 декабри соли ҷорӣ дар толори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Пленуми Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд баргузор гардид.
Дар Пленум ҷамъбасти фаъолияти Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд дар соли 2024 ва вазифаҳо барои соли 2025 баррасӣ гардид.
Ҷаласаро раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода оғоз намуд.
Дар кори Пленум Исмоил Файзизода - муовини якуми раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Усмнзода Аюб Исломӣ - ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Тоҳирзода Наимҷон - муовини сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд ва Абдураҳмон Ҳусейнов - раиси Ассотсиатсияи соҳибкорони вилояти Суғд, аъзоёни пленум, кормандони масъул ва фаъолони Иттифоқҳои каабаи вилоят иштирок намуданд.
Оид ба ҷамъбасти фаъолияти Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд дар соли 2024 ва вазифаҳо барои соли 2025 Обидзода Нумон Юлдошӣ муовини аввали раиси Шӯро маърўза намуд.
Аз ҷониби раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд дар ҷараёни музокираҳо аз кормандони масъули Кумитаҳои соҳавии вилоятӣ пурсишҳо ба амал оварда шуд.
Сипас Шарифулло Абдуллозода - раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд оиди вазифаҳое ки дар назди фаъолияти Иттифоқҳои касабаи вилоят дар соли 2025 меистанд, ибрози ақида намуд.
Ҳамчунин Файзизода Исмоил Нарзӣ - муовини якуми раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон баромад намуда, фаъолияти Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғдро хуб арзёбӣ карда, Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғдро бо Сипосномаи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон қадрдонӣ намуд.
Вобаста ба масъалаҳои баррасӣ гардида қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Бо қарори Пленум “Соли 2025 - соли эҳёи ташкилотҳои иттифоқҳои касаба” эълон гардид.
Сипас ба 15 нафар пешқадамони соҳа, ки дар соли 2024 ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардиданд, ба тўҳфаҳо қадрдонӣ гардида, дар вазъияти тантанавӣ расми онҳо ба “Лавҳаи фахрӣ”-и Шўрои иттифоқҳои касабаи вилоят ҷойгир карда шуд.