Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Якшанбе, 15 фев. 2026
ПЛЕНУМИ КУМИТАИ ВИЛОЯТӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

ПЛЕНУМИ КУМИТАИ ВИЛОЯТӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Субҳи имрўз дар толори хурди Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Пленуми Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи савдо, кооператсияи матлубот ва корхонаҳои хусусии вилояти Суғд баргузор гардид.

Дар кори Пленум Шарифулло Абдуллозода - раиси Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, аъзоёни пленум, кормандони масъул ва фаъолони Иттифоқҳои касабаи вилоят иштирок намуданд. Рўзномаи Пленум аз се масъала, оид ба Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи савдо, кооператсияи матлубот ва корхонаҳои хусусии вилояти Суғд ва вазифаҳо барои соли 2026 ва масъалаи ташкилӣ иборат буд. Ҷаласаро раиси Кумитаи вилоятӣ И.Бузуруков ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо рўзномаи ҷаласа шинос намуд ва суханро ба раиси Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Ш.Абдуллозода дод. Шарифулло Абдуллозода оид ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маърўза намуд. Баъдан оид ба натиҷаи фаъолияти Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи савдо, кооператсияи матлубот ва корхонаҳои хусусии вилояти Суғд дар соли 2025 раиси Кумита Бузуруков И.А. баромад намуда, оид ба фаъолияти Кумитаи вилоятии соҳавӣ дар ин давра ҳисобот дод. Оид ба масъалаҳои баррасӣ гардида қарорҳои дахлдор қабул гардиданд. Сипас масъалаи ташкилӣ баррасӣ гардида, аз сабаби ба кори дигар гузаштани Бузуруков И.А. аз вазифаи раиси Кумита озод карда шуд. Дар мувофиқа бо роҳбарияти Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Холмирзоев Фарҳод Мирзоҳотамович - раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи савдо, кооператсияи матлубот ва корхонаҳои хусусии вилояти Суғд интихоб гардид. Бо ҳамин Пленум ба кори худ хотима бахшид.