
Паёми табрикии раиси Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода бахшида ба Иди байналмилалии Наврўз
Дӯстони азиз, ҳамватанони гиромӣ. Ҳамаи Шуморо бо фарорасии Наврӯзи оламафрӯз муборакбод менамоям.
Наврӯз рамзи бедоршавии табиат, оғози кишти зироат мебошад. Дар он ваҳдати мероси фарҳангӣ ва анъанаҳои бисёрасраи халқҳои ҷаҳон ифода ёфтааст. Боиси ифтихор аст, ки анъанаҳои неки фарҳанги аҷдодони мо ҷаҳонро тасхир намудааст. Ҷашни Наврӯзи навбаҳор, Наврӯзи дилафрӯз бо тамоми шукӯҳу шаҳомат ва бо эҳёи анъанаву расму оинҳояш дар куҷое набошад, хоҳ дар Осиёи Миёнаву хоҳ дар манотиқи хориҷ ҳар сол таҷлил гардида, тӯли ҳазорсолаҳо идома дорад.
Талошҳои пайвастаю хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби эҳёи суннатҳои неки ниёгон, нигоҳдорӣ ва муқаддас доштани арзишҳои волои аҷдодӣ фарру шукӯҳи ҷашни Наврӯзи бостониро беш аз пеш афзудааст. Дар сиёсати фарҳангии Президенти кишвар Наврӯз ҳамчун рукни муҳими худшиносии миллӣ, худогоҳӣ, василаи муҳими пайванди наслҳо, робитаи гузаштаю имрӯз, эҳёи анъанаҳои инсонпарварӣ, зебоипарастӣ, дур сохтани кинаҳо ва ҳамдигарбахшӣ, рамзи дӯстӣ ва расидан ба қадри зиндагии хушу хуррамона шинохта мешавад.
Имрӯз маҳз бо хусусияти таърихиву аҷдодӣ ва аҳамияти дунявӣ пайдо карданаш бо қарори Созмони Милали Муттаҳид ҷашни Наврӯз дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта мешавад.
Воқеан ҷашни Наврӯз барои ваҳдату ягонагӣ, тавсеаи меҳру муҳаббат, бунёдкорӣ, меҳру шафқат, инсонпарастӣ, зебоипарастӣ, ҳамдигарбахшӣ, меҳанпарастӣ, меҳнатдӯстӣ, дӯстдорӣ, ваҳдат, якдигарфаҳмӣ, осудагию осоиштагии ҷаҳониён хизмат мекунад. Наврӯз тантанаи нур, табли сурур, рамзи зиндагӣ алайҳи зулмот, ғалабаи адолат бар ҷаҳолат аст.
Аъзоёни иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд дар канори мардуми кишвар ин иди аҷдодиро бо армуғонҳои тозаи баҳорӣ ҷашн мегиранд ва шодишарики мардум мебошанд. Зеро аз Наврӯз то Наврӯз аъзоёни иттифоқҳои касабаи вилоят дар партави дастуроти Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва маќомоти иљроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба дастовардҳои шоиста ноил гардиданд.
Бори дигар ҳамаи Шумо – ҳамватанони гиромӣ, кулли аъзои иттифоқҳои касабаи вилоятро бо ҷашни фархундаи Наврӯзи хуҷастапай муборакбод гуфта, бароятон сиҳатмандиву сарбаландӣ ва хонаи ободро таманно менамоям.
Бигзор Наврӯз ҳамеша ҷавону ҷовидон монад ва аз файзу баракати он Тоҷикистони азизамон боз ҳам шукуфон ва рӯзгори мардум хурраму босаодат гардад.
Иди баҳору зебоӣ, фасли шукуфтанҳо, амалӣ гардидани орзуҳои нек муборак бошад!