
Паёми табрикии раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Конститутсия қонуни асосии давлат ба шумор рафта, ҳуҷҷати таърихие мебошад, ки дорои қувваи олии ҳуқуқӣ буда, муносибатҳои муҳимтарини ҷамъиятиро ба танзим медарорад.
Бо камоли эҳтирому самимияти афзун кулли аъзои иттифоқи касабаи вилоятро бо ин иди бузург яъне Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, барояшон тани сиҳату хотири ҷамъ, умри дароз, бахту саодати бегазандро таманно менамоям.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар айёми басо мураккаби ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат қабул гардида, барои тақвият пазируфтани рукнҳои давлатдорӣ ва такмилу устуворшавии низоми қонунгузорӣ заминаи мустаҳкам гузошт.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд. Ба Конститутсия се маротиба: 26-уми сентябри соли 1999, 22-юми июни соли 2003 ва 22-юми майи соли 2016 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст. Конститутсия аз 10 боб ва 100 модда иборат мебошад. Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола 6-уми ноябр таҷлил мегардад.
Қобили зикр аст, ки Конститутсияи тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабулшудаи Тоҷикистон яке аз панҷ конститутсияи беҳтарини дунё эътироф гардидааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба аҳамияти ин ҳуҷҷати муҳими сиёсиву ҳуқуқӣ таъкид намудаанд: «Аҳамияти таърихии Конститутсия, пеш аз ҳама, дар он ифода мегардад, ки ин санади сарнавиштсоз барои таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ замина гузошт ва омили асосии кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон гардид. Мо дар сатҳи Конститутсия ба ҷомеаи ҷаҳон эълон доштем, ки халқи Тоҷикистон озодӣ ва ҳуқуқи шахсро арзиши олӣ шуморида, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф мекунад ва ҷонибдори бунёди ҷомеаи адолатпарвар мебошад».
Воқеан ҳам, Конститутсия ҳамчун бахтномаи миллат манфиатҳои олии мардуми куҳанбунёд ва халқи шарифу матиниродаи моро инъикос намуда, Тоҷикистонро ба ҷаҳони мутамаддин ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ кард. Аз тарафи дигар, қабули Конститутсия барои рушди давлати демократӣ ва бунёди низоми ҳокимияти давлатӣ асоси ҳуқуқӣ гузошта, дар таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллии кишвари азизамон шароити мусоид фароҳам овард.
Воқеан, қабули Конститутсияи даврони соҳибистиқлолии кишвар ҳамчун ҳуҷҷати дорои эътибори олии ҳуқуқӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон намуд ва самтҳои нави рушди ҷомеаро муайян кард.
Мо бояд ҳамчун ватандору ватандӯст дар партави нишондоди Пешвои миллат, Ҳукумати Тоҷикистон дар канори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар замири худ эҳсоси наҷиби Конститутсияро парвариш ва барои таҳкими он ҳамчун арзиши нодир ва азизи миллӣ кӯшишу талош намоем. Зеро иттифоқҳои касаба дар Тоҷикистон ба ҳайси як ташкилоти ҷамъиятӣ ҳамеша барои сулҳу осоиштагӣ, ягонагӣ ва ҳамраъйии аҳли меҳнат дар кишвар саҳми назаррас дорад.
Бори дигар ҳамаи ҳамдиёрони арҷмандро бо Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, хоҳони он ҳастам, ки ҳамешав саломату саодатёр бошед.
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, дӯстони азиз!